Олуболу Боқиев (25 майи 1934, деҳаи Хуфин, ноҳияи Рӯшон, ВМКБ — 5 феврали 1999, Душанбе) — таърихдон, доктори илмҳои таърих (1991), профессор (1994).

Олуболу Боқиев
Олуболу Боқиев
Таърихи таваллуд 25 май 1934(1934-05-25)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯшон, ВМКБ, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 5 феврал 1999(1999-02-05) (64 сол)
Маҳалли даргузашт шаҳри Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти давлатии педагогии Самарқанд
Ҷоизаҳо Ордени «Нишони Фахрӣ»

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Институти давлатии омӯзгории Самарқанд (1955), Уиверситети давлатии Тоҷикистон (1961), аспирантураи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург; 1969). Солҳои 1955—1956 муаллими мактаб дар ноҳияи Ғарм, 1961—1963 лаборанти калони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон, 1963 муаллими калон, дотсент ва проф. факултаи таърих, 1980—1983 муовин ва иҷрокунандаи вазифаи декани факултаи таърих, чанд соли охир мудири кафедраи таърихнигорӣ ва бойгонишиносии ДМТ буд.

Таълифот

вироиш

Муаллифи беш аз 200 рисола, барномаи таълимӣ, мақолаи илмӣ-методӣ ва оммавӣ, ки муҳимтарини онҳо «Аҳволи иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон дар таърихнигории тоинқилобии рус» (1976), «Таҳқиқоти таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон дар асарҳои муҳаққиқони тоинқилобии рус» (1991); «Истило ва ҳамроҳкунии шимоли Тоҷикистон, Помир ва Кӯҳистони Бадахшон ба Русия» (1994) мебошанд.

Ордуну ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени «Нишони Фахрӣ», нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии мактаби олии ИҶШС», «Корманди шоистаи маорифи Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо сарфароз шудааст.

Адабиёт

вироиш