Омун
Амон, Омун (форсӣ: آمون) — яке аз худоҳои миллии Мисри Қадим.
Дар Мисри Қадим Амон подшоҳи худоҳо ва ҳимояткунандаи фиръавнҳо ҳисоб меёфт. Худоҳои миллии мисриёни қадим бештар бо мавзеъ ва шаҳрҳои алоҳида вобаста буданд. Решаи чунин парастишот ба замонҳои қабл аз таърих мерасад. Бо мурури эътибори бештар пайдо кардани шаҳрҳои алоҳида доираи парас-тиши худои парастишшавандаи он мавзеъ васеъ мешуд. Айнан ҳамин тавр, аз давраи Шоҳигарии Миёна (2050 – 1700), аз замоне, ки Фив маркази умумии мисриён эътироф гашт (Фив дар давоми асрҳо пойтахти Мисри Қадим буд), парастиши Амон характери умумидавлатӣ гирифт. Ҳатто Амонро Амон-Ра низ меномиданд. Зеро Ра (Офтоб) аз замонҳои қадим дар Миср подшоҳи худоҳо ва падари одам ҳисобида мешуд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.