Оноре де Балзак
Оноре де Балзак (фр. Honoré de Balzac [ɔnɔʁe də balˈzak]; 20 майи 1799, Тур — 18 августи 1850, Париж) — нависандаи фаронсавӣ, яке аз бунёдгузорони равиши воқеъгароӣ дар адабиёти Аврупо.
Оноре де Балзак | |
---|---|
фр. Honoré de Balzac | |
![]() | |
Тахаллусҳо: | Horace de Saint-Aubin[5], Lord R’Hoone, Viellerglé ва Saint Aubin[5] |
Таърихи таваллуд: | 20 май 1799[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 18 август 1850[4][2][3][…] (51 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | румоннавис, мунаққиди адабӣ, нависанда, насрнавис, рӯзноманигор, art critic, мақоланавис, dramaturge |
Солҳои эҷод: | 1829 — то ҳол |
Забони осор: | фаронсавӣ[2] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: |
![]() |
![]() | |
![]() | |
![]() |
ЗиндагиномаВироиш
Оноре де Балзак дар шаҳри Тур дар оилаи деҳқон аз Лангедок Бернар Франсуа Балса (Balssa) (22.06.1746—19.06.1829[9]) таваллуд шудааст. Номи аслиаш Оноре Балзак, ҳиссачаи «де»-ро, ки маънояш ба зодаи дворянӣ аст аз соли 1830 истифода мешавад.
ЭҷодиётВироиш
Дар тӯли солҳои 1820–25 ҳашт асари ӯ таҳти имзоҳои гуногун чоп шуд. Романи «Шуанҳо» нахустин асари калони Балзак аст, ки бо он давраи аввали эҷодиёти ӯ ба поён мерасад. Давраи дувуми фаъолияти адабии Балзак аз соли 1829, бо эҷоди силсилаи асарҳои «Мазҳакаи инсон», оғоз меёбад. Дар ин давра нависанда асарҳои машҳури худ «Гобсек» (1830), «Пӯсти мулоим» (1831), «Полковник Шабер» (1832), «Евгения Гранде» (1933), «Табиби деҳотӣ» (1833), «Годиссари машҳур» (1834), «Падар Горио» (1834), «Музейи қадим» (1938), «Рӯҳонии деҳотӣ» (1839)-ро эҷод намудааст. Романи «Деҳқонон» (1838–47) машҳуртарин асари давраи охири эҷодиёти Балзак мебошад. Ҳамаи ин асарҳо бо номи «Мазҳакаи инсон» машҳуранд, ки 90 роману ҳикояи Балзакро дар бар мегирад. Дар онҳо муҳимтарин воқеаҳои иҷтимоию сиёсии замони адиб мавриди тасвир қарор гирифтаанд. Балзак дар танқиди иллатҳои замона ва намояндагони синфи доро басо беамон буд. Эҷодиёти Балзак дар инкишофи вуқӯъгароӣ дар адабиёти ҷаҳон нақши муҳим бозидааст. Балзак дар мавзӯи Шарқ асари махсусе эҷод накарда бошад ҳам, амалиёти баъзе қаҳрамононаш дар мамлакатҳои Шарқ мегузаранд. Чунончи, фаъолияти Шарл (қиссаи «Евгения Гранде») дар Ҳиндустон ҷараён гирифтааст. Балзак мухлиси «Гулистон»-и Саъдӣ буда, дар баъзе асарҳояш аз номи ӯ панд гуфтааст.
Тарҷумаи осор бо забони тоҷикӣВироиш
Ба забони тоҷикӣ повести «Гобсек» (1955, тарҷ. Х. Айнӣ), очеркҳои «Бадбахт» ва «Ду мулоқот дар як сол» (1959, тарҷ. Ҳ. Аҳрорӣ), повести «Полковник Шабер» (1974, тарҷ. Ҳ. Аҳрорӣ), романи «Падар Горио» (1983, тарҷ. Ҳ. Аҳрорӣ) чоп шудаанд. «Модарандар» ном пйесаи Балзакро Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ аз соли 1965 то ба имрӯз (2013) чанд маротиба ба саҳна гузоштааст. Роҷеъ ба рӯзгору осори Балзак дар Тоҷикистон мақолаҳои зиёде нашр гардидаанд[10].
ЭзоҳВироиш
- ↑ Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #118506358 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 Encyclopædia Britannica
- ↑ Мирбо О. https://fr.wikisource.org/wiki/La_Mort_de_Balzac/3._La_mort_de_Balzac — 1989.
- ↑ 5.0 5.1 https://aleph.nkp.cz/F/?func=find-c&local_base=aut&ccl_term=ica=jn19990000418
- ↑ 6.0 6.1 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #118506358 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
- ↑ 7.0 7.1 Резник Р. А. Бальзак Оноре де // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 8.0 8.1 https://www.digitalarchivioricordi.com/it/people/display/20046 — 1808.
- ↑ Бальзак
- ↑ ЭМТ, Ҷ. 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: СИЭМТ, 2013, - с.304-305 // Ш. Мухтор.
АдабиётВироиш
- Дежуров А. С. Художественный мир О. де Бальзака (на материале романа «Отец Горио») // Зарубежная литература XIX в. Практикум для студентов, аспирантов, преподавателей-филологов и учащихся старших классов школ гуманитарного профиля. — М., 2002. — С. 278—303.
- Моруа А. Прометей, или жизнь Бальзака. — М., 1967.
- Обломиевский Д. Д. Основные этапы творческого пути Бальзака. — М., 1957.
- Реизов Б. Г. Бальзак. — Л., 1960;
- Сиприо П. Бальзак без маски. — М.: Молодая гвардия. (Серия «ЖЗЛ»). — 2003. — ISBN 5-235-02516-4.
- Сухотин П. С. Бальзак — 1934 год. — 368 с. (Серия «ЖЗЛ»).
- Цвейг С., Бальзак, 2 изд. — М., 1962;
СарчашмаВироиш
- Балзак, Оноре де // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.