Ордени Зарринтоҷ

(Тағйири масир аз Ордени Зарринтоҷ дараҷаи II)

Ордени Зарринтоҷ  — ордени давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо он ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва дигар шаҳрвандон барои хидматҳои бузург дар назди давлат, фаъолияти босамари давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, барои саҳми шоиста ҷиҳати татбиқ намудани ислоҳоти демократӣ ва иқтисодӣ, рушди илм ва фарҳанг, барои хидматҳои махсус дар ҳифзи Ватан, барои фидокорӣ ва шуҷоати шаҳрвандӣ дар истиқрори сулҳ, устуворӣ ва таҳкими давлатдории тоҷикон сарфароз гардонида мешаванд[1].

Ордени Зарринтоҷ
Кишвар
Дараҷаи болотар Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон
Дараҷаи пойинтар Ордени Исмоили Сомонӣ
Service ribbon image
Гурӯҳи барандагони ҷоизаҳо Гурӯҳ:Дорандагони ордени Зарринтоҷ

ДараҷаҳоВироиш

Ордени Зарринтоҷ дорои дараҷаҳои зерин мебошад:

  • ордени Зарринтоҷ дараҷаи I;
  • ордени Зарринтоҷ дараҷаи II;
  • ордени Зарринтоҷ дараҷаи III.

Аз рӯи дараҷа ордени Зарринтоҷ дараҷаи I эътибори баландтар дорад. Сарфарозгардонӣ бо тартиби пайдарҳамӣ — ордени Зарринтоҷ дараҷаи III, II ва I амалӣ карда мешавад.

Ордени Зарринтоҷ дараҷаи IВироиш

Ордени Зарринтоҷ дараҷаи I дорои нишон ва ситора буда, нишон бо тасма аз болои китфи рост ва ситора дар тарафи чапи сина овехта мешавад.

Бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи I сарфароз гардонида мешаванд:

  • роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва парламентҳои давлатҳои хориҷӣ;
  • роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои хориҷӣ;
  • роҳбарони намояндагиҳои ташкилотҳои минтақавӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ;
  • роҳбарони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • шахсе, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва вазъи ҳуқуқиаш бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
  • шахсе, ки мансаби сиёсии хидмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва чун қоида бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи II мукофотонида шудааст;
  • дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи II мукофотонида шудаанд.

Ордени Зарринтоҷ дараҷаи IIВироиш

Ордени Зарринтоҷ дараҷаи II дорои нишон буда, онро мардҳо бо тасма дар гардан ва занҳо бо тасмабанд дар тарафи чапи сина меовезанд.

Бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи II сарфароз гардонида мешаванд:

  • шахсе, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва вазъи ҳуқуқиаш бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
  • шахсе, ки мансабҳои сиёсӣ ва категорияи олии маъмурии хидмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва чун қоида бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи III мукофотонида шудааст;
  • дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи III мукофотонида шудаанд.

Ордени Зарринтоҷ дараҷаи IIIВироиш

Ордени Зарринтоҷ дараҷаи III дорои нишон буда, он бо тасма дар тарафи чапи сина овехта мешавад.

Бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи III сарфароз гардонида мешаванд:

  • шахсе, ки мансаби категорияи олии маъмурии хидмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд;
  • дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо на камтар аз ду орден ё медал ва унвони фахрӣ мукофотонида шудаанд.

ЭзоҳВироиш

  1. Моддаи 11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.12.2020 № 1732 «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 25 ноябри 2021 санҷида шуд.