Ордени Исмоили Сомонӣ
Ордени Исмоили Сомонӣ - ордени давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бо ордени Исмоили Сомонӣ арбобони давлатию ҷамъиятӣ, ходимони илму фарҳанг ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои комёбиҳои баланди меҳнатӣ, барои саҳми бузург дар кори сохтмони давлатӣ, муваффақиятҳои калон дар хизмати ҳарбӣ, фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ, ҷамъиятию хайрхоҳона сарфароз гардонида мешаванд.
ТаърихВироиш
Ин орден ба номи асосгузори давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст.
ДараҷаҳоВироиш
Ордени Исмоили Сомонӣ ба се дараҷа тақсим мешавад:
- Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I нишон ва ситора дорад. Нишон дар лентаи болои китфи рост ва ситораи орден дар тарафи чапи сина гузошта мешавад;
- Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II нишоне дорад, ки пӯшонида мешавад:
- барои мардон дар лентаи атрофи гардан;
- барои занон - дар камони тасма дар тарафи чапи сина;
- Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III нишоне дорад, ки дар тарафи чапи сина гузошта мешавад.