Ордени Спитамен

(Тағйири масир аз Ордени Спитамен дараҷаи I)

Ордени Спитамен — ордени давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо он корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳарбӣ ва амният барои корнамоиҳои махсус сарфароз гардонида мешавад[1].

Ордени Спитамен
Кишвар
Дараҷаи болотар Ордени Дустӣ
Дараҷаи пойинтар Ордени «Шараф»
Service ribbon image
Гурӯҳи барандагони ҷоизаҳо Гурӯҳ:Дорандагони ордени Спитамен‎

ДарҷаҳоВироиш

Ордени Спитамен дорои дараҷаҳои зерин мебошад:

  • ордени Спитамен дараҷаи I;
  • ордени Спитамен дараҷаи II.

Аз рӯи дараҷа ордени Спитамен дараҷаи I эътибори баландтар дорад. Сарфарозгардонӣ бо тартиби пайдарҳамӣ — ордени Спитамен дараҷаи II ва I сурат мегирад. Ордени Спитамен бо тасма дар тарафи чапи сина овехта мешавад.

Ордени Спитамен дараҷаи IВироиш

Бо ордени Спитамен дараҷаи I ҳайати афсарони олирутбаи ҳарбӣ ва ҳайати олии роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои комёбиҳо дар роҳбарӣ ва идораи қўшунҳо, таъмини омодагии олии ҷангии онҳо, ташкили хизмати аълои ҳарбӣ, марзбонӣ ва дохилӣ, таъмини қобилияти мудофиавӣ, амниятӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ордени Спитамен дараҷаи IIВироиш

Бо ордени Спитамен дараҷаи II хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумлаи ҳайати афсарони калон ва хурд, ҳайати сержантӣ ва қаторӣ, ҳамчунин ҳайати роҳбарикунандаи миёна ва хурди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои корнамоиҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ҳангоми адои қарзи ҳарбӣ ва хизматӣ сарфароз гардонида мешаванд.

ДараҷаҳоВироиш

ЭзоҳВироиш

  1. Моддаи 15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.12.2020 № 1732 «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 25 ноябри 2021 санҷида шуд.