Орис
Орис (Арис; қаз.: Арыс) — шаҳр (то соли 1956 — шаҳрак) дар вилояти Туркистони Қазоқистон. Он як қисми агломератсияи Чимканд мебошад.
Шаҳри тобеи вилоят | |||
Арыс | |||
|
|||
Кишвар | Қазоқистон | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Таъсис | 1900 | ||
Номҳои пешина | Қаро-Спас | ||
Шаҳри тобеи вилоят аз | 1956 | ||
Минтақаи замонӣ | UTC+6:00 | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | 74 252 тан (2019) | ||
Миллият | қазоқҳо — 96% | ||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Пешшумораи телефон | +7 72540 | ||
Нишонаи почта | 160100 | ||
turkistan-aris.gov.kz(қаз.) | |||
|
|||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишОрис соли 1900 ҳамчун истгоҳи роҳи оҳани Оренбург — Тошканд барпо карда шудааст. Дар бинои вокзали роҳи оҳан, ки солҳои 1901—1904 сохта шудааст, монограммаҳои император Николай II то ҳол маҳфузанд.
Дар моҳи марти соли 2009, таркиш дар NPO Kazarsenal 3 нафарро кушт [1] . Рӯзи 26 июни соли 2014 дар як муассисаи партовгоҳ аз таркиши борут (порох) 2 нафар ба ҳалокат расид [1] . Моҳи ноябри соли 2015 ҳангоми нобуд кардани партовҳо дар партовгоҳ маводи тарканда мунфаҷир шуд. Дар натиҷа 1 нафар (технолог) ҳалок шудааст [1] .
24 июни соли 2019 дар ҳудуди қисми ҳарбӣ [2] [3] таркиш ба вуқӯъ пайваст, биноҳои ҳамсоя аз мавҷи зарба осеб диданд. Тамоми аҳолии шаҳр (зиёда аз 40 000 нафар) ташвил карда шуд [4] [5] . 4 нафар фавтиданд [6], 89 нафар дар беморхона бистарӣ шуданд [7] .
Ҷуғрофиё
вироишМасоҳати ҳудуди тобеи ҳукумати шаҳр 6300 км² аст. Он дар сохили чапи дарёи Орис (шохоби Сирдарё) воқеъ аст.
Истгоҳи калони банди роҳи оҳан, ки хатти Оренбург — Тошкентро бо самти Алмаато мепайвандад, дар ҳаминҷо ҷойгир аст.
Тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ
вироишОрис бо деҳотҳояш тобеи вилоят ба ҳисоб рафта, 6 ноҳияи деҳотро дар бар мегирад:
- Оқдалъа
- Байрқум
- Дарменӣ
- Жиделӣ
- Задарӣ
- Монтой
Аҳолӣ
вироишТаркиби миллӣ (дар аввали соли 2019):
- қазоқҳо — 71542 нафар (96,35%)
- русҳо — 1705 нафар (2,30%)
- ӯзбекҳо — 229 нафар (0,31%)
- озарбойҷонҳо — 174 нафар (0,23%)
- тоторҳо — 252 нафар (0,34%)
- форсҳо — 169 нафар (0,23%)
- дигарон — 181 нафар (0,24%)
- дар умум — 74252 нафар (100.00%)
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 4 взрыва за 10 лет. Хроника ЧП в Арыси: 24 июня 2019, 14:35 — новости на Tengrinews.kz
- ↑ Взрыв произошел на территории воинской части в Туркестанской области. inbusiness.kz (24 июни 2019).
- ↑ Мощный взрыв произошел в Арыси
- ↑ В Казахстане эвакуировали целый город из-за взрыва боеприпасов
- ↑ Город Арысь эвакуируют полностью — Шукеев
- ↑ Умер ребёнок, пострадавший в Арыси
- ↑ Взрывы в Арыси: госпитализированы 89 пациентов