Осорхонаи адабии Муҳаммадҷон Раҳимӣ
Хона-музейи Муҳаммадҷон Раҳимӣ дар асоси қарорҳои КМ ҲК ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, 14 майи соли 1969 ташкил шудааст. Нахуст дар хиёбони Рӯдакии (Рӯдакӣ,56, ҳуҷраи 8) маркази шаҳри Душанбе воқеъ буд.
Осорхонаи адабии Муҳаммадҷон Раҳимӣ Осорхонаи адабии Муҳаммадҷон Раҳимӣ | |
---|---|
Санаи асосгузорӣ | 1969 |
Асосгузор | КМ ҲК ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон |
Ҷойгиршавӣ | Душанбе |
Таърих
вироишСоли 1969 баъди вафоти шоир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоир Муҳаммадҷон Раҳимӣ дар бораи тараққӣ додани назми советӣ хизматҳои илмӣ ва барқароркунии Ҳокимияти советиро ба инобат гирифта барои абадӣ гардондани хотираи шоир манзили ӯро ба хона-музей табдил дод. Зеро шоир аз соли 1966 то соли 1968, яъне то охири умри худ дар ин манзили хоксорона зиндагӣ ва эҷод кардааст.
Осорхонаи адабии Муҳаммадҷон Раҳимӣ аз чаҳор ҳуҷра иборат аст, ки ҳуҷраи якум - ҳуҷраи корӣ; ҳуҷраи дуюм - мероси адабӣ; сеюм ҳуҷра - китобхона, ҳуҷраи чорум бошад ашёҳои шахсӣ шоир мебошанд, ки тамошобинон метавонанд бо ҳаёт ва фаъолияти ин шахсияти таърихӣ аз наздик шинос шаванд.[1]
Дар «Осорхонаи адабии Муҳаммадҷон Раҳимӣ» асарҳои эҷодкардаи шоир, орден ва медалҳо, расму портретҳои давраҳои гуногун, асбобу анҷоми шоир китобҳои даснависи арабӣ, китобхонаи шоир, ки зиёда аз 2000 китоб мавҷуд мебошад. Инчунин 134 экспонат, ки ҳамаи онҳо то ҳол тозаву озода ва батартиб ҷо ба ҷо шудаанд.
Вазъи осорхона имруз
вироишСоли 2017 бо сабаби сохтмони шаҳрсозӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хона-музейи М. Раҳимӣ ба хиёбони Рӯдакии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кӯчонда шуд ва баъд аз кӯчонда шудан он аз «Хона-музейи Муҳаммадҷон Раҳимӣ» ба «Осорхонаи адабии Муҳаммадҷон Раҳимӣ»табдил дода шуда, аз санаи 10 апрели соли 2018 дари худро ба рӯйи тамошобинон боз намудааст. Осорхонаи Муҳаммадҷон Раҳимӣ ҳамчун ёдгории адабӣ ва фарҳангӣ саҳифаҳои рангину хотирмони умри шоирро муаррифӣ менамояд. Меросе, ки устод М. Раҳимӣ ба мо гузошт аст, ба қадршиносии беандоза меарзаду сазовор аст. Инро ҳукумати ҷумҳурӣ ба хубӣ дарк намуда, манзилашро зиёратгоҳ қарор доданд ва то ҳол қурби он барҷост.[2]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Осорхонаи адабии Муҳаммадҷон Раҳимӣ(тоҷ.). www.iza.tarena.tj/ (18 сентябри 2022). 17 июни 2024 санҷида шуд.
- ↑ Осорхонаи адабии Муҳаммадҷон Раҳимӣ(тоҷ.). www.iza.tarena.tj/ (18 сентябри 2022). 17 июни 2024 санҷида шуд.