Муҳаммадҷон Раҳимӣ
Муҳаммадҷон Раҳимӣ (3 майи 1901, рустои Фойиқ, ноҳияи Шофирком, вилояти Бухоро — 28 августи 1968, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — шоир ва тарҷумони тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1934).
Таърихи таваллуд: | 3 май 1901 ё 1901 |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 28 август 1968 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, шоир |
Забони осор: | русӣ ва тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: |
Зиндагинома
вироишМуҳаммадҷон Раҳимӣ 3 майи соли 1901 дар деҳаи Фойиқи ноҳияи Шофиркоми вилояти Бухоро зода шудааст. То соли 1917 дар мактаби куҳна таҳсил карда, баъдан ба ҳунармандӣ машғул шудааст. Баъди Инқилоби Бухоро дар идораҳои молия ва назорат кор кардааст. Муддате мудири шуъбаи тарғиботи КМ ПК (б) Бухоро будааст. Соли 1922 ба фидоиён пайваста, дар ҷабҳаҳои Шаҳри Сабз ва Бухорои Шарқӣ ҷангидааст. Баъдан дар Артиши Сурх, идораи молия ва назорат иштиғол варзидааст. Соли 1928 мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» будааст. Соли 1932 Курси кормандони молияи Ленинградро хатм карда, мудирии шуъбаи коргузории Комиссариати молияи Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. Соли 1933 корро дар матбуот давом дода, баъди таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ корманди он будааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қӯшунҳои сарҳадӣ хидмат кардааст. Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. 23 августи соли 1968 аз олам даргузашт. Осорхонаи ӯ дар Душанбе зиёратгоҳи пиру барност. Бо нишону ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.
Эҷод
вироишАввалин шеърҳояш аз соли 1924 ба табъ расидаанд. Нахустин маҷмӯаи ӯ «Шеърҳои интихобкардашуда» соли 1940 чоп шудааст. Баъдан маҷмӯаҳои «Достони санъат» (1945), «Марг ба марг, хун ба хун» (1943), «Ба душман бераҳм бош!» (1944), «Фирӯзӣ» (1947), «Кишвари заррин» (1948), «Дилафрӯз» (1950), «Роҳи равшан» (1952), «Тилои сафед» (1958), «Машъали меҳр» (1960), «Сабоҳи сухан» (1963), «Рубоиёт ва дубайтиҳо» (1965), «Афсонаи Симурғ» (1967), «Оташи ҷовид» (1967), сеҷилдаи «Осор» (1978—1982) ва «Таронаҳо» (1991)-яш ба табъ расидаанд. Соли 1942 дар асоси навиштаи ӯ филми ҳунарии «Писари Тоҷикистон» ба навор гирифта шудааст. Дар таҳия ва нашри осори Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Шоҳин, Бобо Тоҳир, матни «Шашмақом» ва сеҷилдаи «Таронаҳои халқии тоҷикӣ» ширкат варзидааст. М. Раҳимӣ низ донандаи хуби мусиқии классикӣ буд ва дар замони мо бо зинда гардондани мероси гаронбаҳои «Шашмақом» ҳиссаи арзандае дорад. Бо иштироки бевоситаи ӯ ин мероси гаронбаҳо ба тартибу танзим дароварда шуда ва матни 254 оҳанги шашмақом ва матни се ҷилди оҳангҳои халқии тоҷикиро низ тайёр кардааст.
Муҳаммадҷон Раҳимӣ яке аз беҳтарин донандагони забони адабии тоҷик ва адабиёти классикии он мебошад. Таҳрири асосии «Луғати тоҷикӣ-русӣ», ки бо қалами М. Раҳимӣ анҷом ёфтааст, дар инкишофи забони адабии имрӯзаи тоҷик аҳммияти калоне дорад. Таҳия ва таҳрири «Луғати тоҷикӣ-русӣ» (1954) ба ӯ тааллуқ дорад. Раҳимӣ дар таҳрири луғати тафсирии сеҷилдаи забони тоҷикӣ иштирок кардааст. Шумораи ҳамаи асарҳои илмию бадеие, ки шоири маҳбуби мо таҳрир ва ба чоп омода кардааст, ба бештар аз 90 номгӯй мерасад. Меҳнати пурмашаққати луғат тартиб додан ё таҳрир намуданро аз луғатҳои бешумори забонҳои гуногуни оламро ҷамъ овардани устод мазмун мегирем.[1]
Луғати тоҷикӣ-русии аз зери таҳрири Раҳимӣ гузаштаро дастуруламал гуфтан кам аст, вай ҳаққонӣ кӯпрукеро мемонад, ки ду соҳили дарёи азимро бо ҳам пайвастааст. Ғайр аз ин, ӯ яке аз беҳтарин тарҷумаҳои кино буда, тарҷумаи матни зиёда аз чил кинофилм ба қадами Раҳимӣ тааллуқ дорад. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ худи ӯ низ бо унвони «Фарзанди Тоҷикистон» нақшеро навиштааст, ки дар худи ҳамон солҳо ба кино гирифта шуда, дар кинотеатрҳои Ватанамон ва Эрону Ҳиндустону Арабистон мамлакатҳои хориҷӣ бо муваффақият намоиш дода шудааст.
Тарҷумонӣ
вироишМаҷмӯаи ашъори ба русӣ тарҷуманамудаи ӯ «К вершинам счастья» соли (1964) чоп шуда, шеърҳои алоҳидааш ба забони дигар халқҳо ҳам тарҷума ва нашр ёфтаанд. Ӯ асари А. С. Пушкин «Фаввораи Боғчасарой» ва достони В. Маяковский «В. И. Ленин»-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Мунтахаби дуҷилдаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, дубайтиҳои Бобо Тоҳири Ҳамадонӣ, мунтахаботи Ҷомӣ ва «Рубоиёт»-и Бедил низ аз тарафи Раҳимӣ ба чоп тайёр шудаанд.[2] Асарҳои ҷудогонаи Н. А. Некрасов, М. А. Крилов, Т. Г. Шевченко, М.Горкий, П. Тичина, С. Вурғун ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.[3]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Осорхонаи адабии Муҳаммадҷон Раҳимӣ(тоҷ.). www.iza.tarena.tj/ (18 сентябри 2022). 17 июни 2024 санҷида шуд.
- ↑ Осорхонаи адабии Муҳаммадҷон Раҳимӣ(тоҷ.). www.iza.tarena.tj/ (18 сентябри 2022). 17 июни 2024 санҷида шуд.
- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.189 — 190 ISBN 978-99947-2-379-9.