Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг
Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг — яке аз осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносӣ дар Тоҷикистон, ки соли 2004 дар ноҳияи Ховалинг таъсис ёфтааст. Осорхона тобеъи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аст.[1]
Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг | |
---|---|
Санаи асосгузорӣ | 2004 |
Дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг зиёда аз 4 ҳазор нигораи бозгӯкунандаи тамоми давраҳои таърихӣ, аз ҷумла 2 ҳазор осори заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ, шишапораҳо, сафолоти гуногуни рӯзғордорӣ, зарфҳо, бозёфтҳои асбобҳои сангӣ ва дигар ёдгориҳо аз шаҳри Мунки бостонӣ ҷамъоварӣ гардидааст[2].
Ёдгориҳои осорхона марбут ба асри санг, асри биринҷ, асрҳои миёна, давраи пеш ва баъди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Историко-краеведческий музей Ховалингского района
- ↑ Ифтитоҳи Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг. prezident.tj. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (20 июни 2023). 21 июни 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Осорхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол: Феҳристи адабиёт / Мураттиб ва муаллифи мақолаи муқаддимавӣ Ф. Шарифзода; Муҳаррир Ш. Комилзода. — Душанбе: Бухоро, 2013. — 224 с.(тоҷ.),(рус.)