Офаткуш
Офаткушҳо, пестисидҳо (лот. pestis «мараз» + caedo «куштан»), заҳрхимикатҳо — моддаҳои кимиёӣ, ки барои маҳви алафҳои бегона, касалию зараррасонҳои рустанӣ, дон ва маҳсулоти ғалладона, чӯбу тахта, коғаз, маснуоти пахтагин, мӯина, пашм, пӯст ва эктопаразитҳои ҳайвонот, инчунин паҳнкунандаи касалиҳои хавфноки одаму ҳайвонот ба кор мебаранд.
Таснифоти офаткушҳо
вироишОфаткушҳоро вобаста аз он, ки барои маҳви кадом зараррасонҳо истифода мешаванд, ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мекунанд:
Вобаста ба таъйинот
вироиш- акарисидҳо (канакуш)
- инсектитсидҳо (ҳашароткуш)
- пематотсидҳо (кирмкуш)
- бактерисидҳо (маҳвкунандаи бактерияҳои патогенӣ)
- занбӯруғкушҳо (фунгисидҳо) — ба зидди касалиҳои занбӯруғии рустаниҳо;
- зоосидҳо (маҳвкунандан муҳрадорони зараррасон)
- молюскосидҳо (маҳвкунандаи нармбаданҳо)
Ҳамчунин ба офаткушҳо тааллуқ доранд:
- алафкушҳо (гербисидҳо) — барои маҳви алафҳои бегона;
- дефоллиантҳо (моддаҳои баргрезон)
- десикантҳо (воситаҳои химиявии хушконандаи рустаниҳо)
- ангезандаи рушди рустаниҳо (ауксинҳо, гиббереллинҳо ва ғайра)
- репеллентҳо (воситаҳои химиявии рафъи кана ва ҳашарот)
- аттрактантҳо (ҳашаротҷалбкунанда бо мақсади минбаъд маҳв намудан)
- хемостери лянтҳо (моддаҳои химиявие, ки ҳашаротро бе насл мекунанд)
Вобаста ба таркиби кимиёӣ
вироиш- органикӣ
- ғайриорганикӣ.
Аксари онҳо моддаҳои органикӣ буда, бо роҳи синтез ҳосил мешаванд. Махсусан пестисидҳои хлорорганикӣ ва фосфорорганикӣ, ҳосилан пайвастҳои кислотаи карбаминат аҳамияти калони иқтисодӣ доранд. Аз пестисдҳои ғайриорганикӣ махсусан пайвастҳои мис, сулфур ва ғайра муҳиманд. Пестисидҳо асоси муҳофизати химиявии рустанӣ ва дар айни замон яке аз усулҳои самарабахши мубориза бар зидди зараррасону касалӣ ва алафҳои бегона ба шумор мераванд. Пестисидҳо ба организми зараррасонҳо аз даҳон, пӯст, узвҳои нафас ва ғайра дохил мешаванд.
Вобаста ба суръати вайроншавӣ
вироишПестисидҳо вобаста ба суръати вайроншавӣ дар хок ба 6 гурӯҳ тақсим мешаванд:
- муҳлати таҷзия бештар аз 18 моҳ (препаратҳои хлорорганикӣ, пайвастҳои селен);
- қариб 18 моҳ (гербитсидҳои триазинӣ, никлорам, диурон ва ғайра;
- қариб 12 моҳ (ҳосилаҳои кислотаи галоидбензоат ва баъзе амиддо);
- то 6 моҳ (нитрилҳои кислота, трефлаи, нитрофенолҳо ва ғайра);
- то 3 моҳ (ҳосилаи кислотаҳои арилкарбаминату алкилкарбаминат ва ғайра);
- камтар аз 3 моҳ (пайвастҳои органикии фосфор ва ғайра).
Дар хоҷагии қишлоқ бештар пестисидҳоеро истифода мебаранд, ки таъсирашон ба давраи нашъунамои рустанӣ рост меояд.
Вобаста ба заҳрнокӣ
вироишПестисидҳо вобаста ба заҳрнокӣ барои одаму ҳайвонот ба 4 гурӯҳ тақсим мешаванд:
- зудтаъсир
- баландтаъсир
- миёнатаъсир
- камтаъсир.
Ин таснифот шартист, зеро заҳрнокии пестисидҳо барои одаму ҳайвонот ба бисёр омилҳои дигар вобаста аст. Механизми таъсири пестисидҳо ниҳоят гуногун буда, то ҳол пурра омӯхта нашудааст, Ба 1 га замин вобаста ба хусусиятҳои пестисидҳо 0,2—40 кг (бештар 0,5—2 кг) пестисидҳо мепошанд. Пестисидҳоро одатан дар намуди хока, моеъ ё бур истифода мебаранд.
Тарзи корбурд
вироишБа зироати хоҷагии қишлоқ пестисидҳоро бо ёрии мошину самолётҳо мепошанд. Ҳангоми нодуруст ва баразиёд пошидани пестисидҳо рустанӣ ва гули он осеб мебинад ва ҳосил хеле кам мешавад. Истифодаи муттасили пестисидҳо боиси ифлосии растанӣ, бӯи бад ва таъми нохуш, инчунин сабаби дар сатҳи замин ғун шудани моддаҳои заҳрдори барои одаму ҳайвонот хавфнок мегардад. Махсусан ба биосенозҳо таъсири бад мерасонанд. Ҳангоми истифодаи пестисидҳои баландтаъсир (махсусан инсектисидҳо, акарисидҳо) бисёр вақт бандпойҳои паразит ва дарранда нобуд мегарданд ва дар натиҷа хурӯҷи ҳашаротҳои зараррасон ба амал меояд.
Қоидаҳои муҳофизат аз офаткушҳо
вироишҲангоми ба кор бурдани пестисидҳо тамоми қоидаҳои муҳофизатиро қатъиян риоя бояд кард. Ба корҳои истифодабарии пестисидҳо наврасони то 18-сола, занони ҳомила ва модароне, ки тифли ширхор доранд, роҳ дода намешаванд, рӯзи корӣ бо пестисидҳо ҳамагӣ 4—6 соат аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Руднев Д. Ф, Кононова Н. Э. Природа и ядохимикаты, М., 1971;
- Мельников Н. Н.. Химия и технология пестицидов. М., 1974;
- Справочник по пестицидам. Гигиена применения и токсикология, Киев, 1974.
Сарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.