Офтобрӯя (номи пештарааш Лақаён) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи Файзобод. Ба шарафи 10-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми апрели соли 2001 «Офтобрӯя» номгузорӣ шудааст.

Деҳа
Офтобрӯя
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи марказ
Ноҳия Ноҳияи Файзобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ (2010) 512 тан
Миллият тоҷикҳо
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992

Ҷуғрофиё

вироиш

Аз деҳа то маркази ноҳияи 18 км. Аҳолиаш 512 нафар (2010), тоҷикон. Дар деҳа мактаби таҳсилоти асосӣ, мағозаи хусусӣ, чойхонаи ҷамъиятӣ, 10 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз канали «50-солагии Тоҷикистон» обёрӣ мешаванд[1].

  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.

Сарчашма

вироиш