Очилдӣ
Очилдӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Қалаидашти ноҳияи Файзобод. Аҳолиаш 1071 нафар (2010), тоҷикон. Аз 156 хоҷагӣ иборат аст. Деҳа муасисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази хидматрасонии маишӣ, 13 хоҷагии деҳқонӣ, 4 мағоза, сехи коркарди чӯбу тахта дорад. Мардуми деҳа ба боғдорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ, картошкапарварӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳои кӯҳии мавзеи Хоҷаёқуб обёрӣ мешаванд.[1]
Деҳаи Очилдӣ | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
Ноҳия | Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Қалаидашт |
Аҳолӣ | 1071 нафар (2010), тоҷикон |
Хоҷагӣ | 156 |
Эзоҳ
вироиш- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.