Очил Зоҳидов (3 октябри 1963, Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон) — файласуф, доктори илмҳои фалсафа, профессор (2005).[1]

Очил Зоҳидов
Таърихи таваллуд 3 октябр 1963(1963-10-03) (61 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд
Фазои илмӣ фалсафа
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии шаҳри Ростови лаби Дон (1990)

Зиндагинома

вироиш

Факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ростови лаби Донро хатм кардааст (1990). Муаллими кафедраи фалсафаи ДДХ (1990—1992), аспиранти факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии ш. Ростови лаби Дон (1992—1995), сармуаллим (1996—2001), дотсенти кафедраи фалсафаи маданияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2001—2007).

Осори илмӣ

вироиш

Муаллифи 20 асари илмӣ ва тадқиқотӣ аст, ки ба мавзӯъҳои назарияи маърифат, мантики диалектики, методологияи илм, таърих ва фарҳанг бахшида шудааст.[2] Очил Зоҳидов иштироккунандаи конфронсу ҳамоишҳои байналхалқӣ (Душанбе, 2001—2005; Будапешт, 2002; Алмаато, 2003—2006; Киев, 2006; Ню-Йорк, 2004; Вашингтон, 2005; Блумингтон, 2005, Провиденс, 2006; Хуҷанд, 2007) мебошад. Такмили ихтисосро дар донишгоҳи Индиана (ИМА, 2004, 2005, 2006) гузаштааст. Гирандаи идрори бунёди Сорос мебошад.

  • Метод восхождения от абстрактного к конкретному в теоретическом познании. - Худжанд: Гос. изд-ство им. Р.Джалила, 1996;
  • Принцип актуализма в научной мысли. -Худжанд: Нури маърифат, 2001;
  • Принцип актуализма в теоретическом познании. - Худжанд: Нури маърифат, 2002.
  1. http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html
  2. Афзоиши донишгоҳҳои хориҷӣ: манфиат ё хатар? Озодагон http://ozodagon.tj/2012/01/13/afzoishi-donishgooi-hori-manfiat-e-hatar.html Бойгонӣ шудааст 25 марти 2016  сол.

Пайвандҳо

вироиш