Оғузҳо, оғуз, ғӯзҳо, ӯғузҳо (уйғ. ئوغۇزلار, оғузлар,ар. أوغوز‎, форсӣ: اغوز‎, туркманӣ: oguzlar, ӯзбакӣ: og'uzlar, тур. ва озарбойҷонӣ: oğuzlar) — қабилаҳои туркизабон дар Оси­ёи Марказӣ ва Миёна. Дар ибтидои садаи VII дар ҳайати Хоқонии турк иттифоқи қабилавии тӯқуз-оғуз ба вуҷуд омад, ки дар он уйгурҳо, зоҳиран мавқен асосӣ доштанд. Оғузҳо дар садаи IX дар натиҷаи тазӣиқи қирғизҳо ба территорияи ҳозираи Синсзян ва музофоти ҳозираи Гансуи Ҷумҳуриии Халқии Хитой муҳоҷират карданд.

Оğuzlar
Забонҳо
забони оғузӣ
Гурӯҳҳои қавмии марбут
Салҷуқиён

Дар ин ҷо номи «тӯқуз-О» тадриҷан бо этноними уйғур иваз шуд. Охири садаи IX — миёнаи садаи X дар соҳилҳои Наздиарал ва Наздикаспий низ иттифоқи Оғузҳо фароҳам омад. Асри 10 дар поёноби дарёи Сир давлати Оғузҳо бунёд ёфт (марказаш Янгикент). Дар миё­наи садаи XI қипчоқҳои аз Шимол омада ин давлатро торумор карданд. Қисме аз қабилаҳои Оғузҳо ба Ғарб рафта, дар даштҳои Рус маскун шуданд; қисми дигарашон бо сарварии салҷуқҳо кишварҳои Осиёи Пешро истило намуданд. Дертар давлатҳои зиёде (давлати Салҷуқиён, султонии Икония ва ғайра) ба вуҷуд омаданд. Оғузҳо дар этногенези туркманҳо, озарбойҷониҳо, туркҳо, инчунин гагаузҳо ва қарақалпоқҳо роли муҳим бозидаанд.

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш

  • Агаджанов С. Г. Очерки ис­тории огузов и туркменов Средней Азин IX—XIII вв., Ашхабад, 1969.

СарчашмаВироиш

  Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.