Павел Антоколский
Па́вел Григо́ревич Антоко́лский (19 июл (1 июл) 1896, Санкт-Петербург — 9 октябри 1978, Маскав) — шоир, тарҷумони рус.
русӣ: Па́вел Григо́рьевич Антоко́льский | |
Таърихи таваллуд: | 19 июн (1 июл) 1896[1][2] ё 1 июл 1896[3] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 9 октябр 1978[2][3] (82 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, тарҷумон, драматург |
Жанр: | Очерк (Қиссаи мустанад) |
Забони осор: | фаронсавӣ ва русӣ[2] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: |
|
![]() |
ЗиндагиномаВироиш
Соли 1904 бо оилаашон ба Москва кӯчид. Ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Москва дохил шуд (таҳсилро ба охир нарасонд). Асарҳояш аз соли 1918 ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустинаш соли 1922 чоп шуд. Солҳои 1919 — 34 дар студияи драмавие, ки ҳунарманди маъруфи рус Е. Б. Вахтангов сарвараш буд ва сипас дар Театри ба номи Е. Б. Вахтангов кор кардааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 — 45) сарвари театри фронтӣ буд. Доираи фаъолияти эҷодии Антоколский чун шоир ва нависанда доманадор ва пурвусъат буд. Ӯ доир ба Франсия, аҳли адаби ин кишвар, доир ба ҳаёту зиндагии мардуми собиқ кишвари шӯравӣ, корнамоиҳои мардуми шӯравӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ асарҳои манзуму мансур, шеърҳо, достонҳо ва ғайра офаридааст. Барои достони «Писар» (1943), ки ба писари дар ҷанг қурбоншудааш бахшида шудааст, соли 1946 сазовори Мукофоти давлатии СССР гардид. Антоколский асарҳои Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаро ба забони русӣ тарҷума кардааст. Дар матбуоти тоҷик баъзе шеърҳояш ба табъ расидаанд.
Мукофоту орденҳоВироиш
Бо орденҳои Ленин ва «Нишони Фахрӣ» сарфароз гардидааст.
ЭзоҳВироиш
- ↑ 1.0 1.1 Краткая литературная энциклопедия (рус.) — М.: Советская энциклопедия, 1962. — Т. 1.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 LIMIS (лит.)
- ↑ Антокольский Павел Григорьевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
АдабиётВироиш
- Антоколский, Павел Григоревич // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.