Акаде́мияи таҳсило́ти Тоҷикисто́н — муассисаи олии илмиест, ки олимони намоёни илми педагогика ва ходимони машҳури маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муттаҳид менамояд.

Таъсис

вироиш

Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 29 апрели 2002 бо қарори № 482-и Ҳукумати ҶТ таъсис ёфт. Аввал Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи ҶТ ном дошт. 29 апрели 2009 бо қарори № 264-и Ҳукумати ҶТ Академияи таҳсилоти Тоҷикистон номгузорӣ шуд.

Ба ҳайати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дохиланд:

  • Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ
  • Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф
  • Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия
  • Маркази омӯзиши таърихи маорифи Тоҷикистон

Аввалин президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон академик Лутфуллоев М. буд. Ноябри 2008 Каримова И. Х. президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таъйин гардид. Дар ҳайати Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 4 узви пайваста ва 8 узви вобаста фаъолият доранд.

Сохтор

вироиш

Сохтори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон аз шуъбаҳои арзёбии таҳсилот, илм ва татбиқи мавзӯъҳои фармоишӣ, омӯзиши масъалаҳои сиёсати таҳсилот, бахшҳои аспирантураю докторантура ва кадрҳо, ҳамчунин аз шӯъбҳои муҳосиботу хоҷагидорӣ иборат аст. Академияи таҳсилоти Тоҷикистон муассисаи олии илмии ғайритиҷоратӣ буда, ба ҳалли масъалаҳои банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ, роҳбарии илмию методии рушди тадқиқоти афзалиятноки бунёдӣ ва амалии соҳаи маориф, истифодаи пурсамари дастовардҳои илм ва тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос машғул аст. Дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон шӯрои дифои рисолаи докторӣ оид ба тахассуси педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (130001) ва тахассуси методикаи таълими забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (130002) фаъолият мекунад. Маҷаллаи «Паёми Академияи таҳсилот» нашрияи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мебошад

Сарчашма

вироиш

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.