Палави токӣ
Палави токӣ — яке аз намудҳои палави маҳаллист, ки ҳамчун таом дар байни аҳолии Осиёи Миёна мавриди истифода қарор гирифтааст.
Палави токӣ, тарзи пухтан: Гӯшти лаҳмро бо пиёз-у сир аз гӯштқимакунак мегузаронанд ё бо корди ош қима карда, намак-у мурч ва қаламфур мепошанд. Баргҳои норасидаи токро аниқтараш барги ангур-ро гирифта мешӯянд дар оби ҷӯш тар карда, баъд ба онҳо кам-кам қима печонда, аз ресмон мегузаронанд. Ба равғани доғ пиёзи резаро андохта 6-9 дақиқа бирён мекунанд. Баъд ба дег қимаи дар барги ток печонидашуда, об, зира, намак, мурч, андохта, 15-20 дақиқа маҳин меҷӯшонанд. Сипас биринҷ-и шустаро ба дег андохта, аз болояш об мерезанд. Ҳамин ки биринҷ обро ҷаббид, дам мепартоянд.