Панспермия (аз юнонӣ: panspermía — омехтаи ҳар гуна тухмҳо, аз pás — ҳама ва spérma — тухм) — фарзияи барои пайдоиши ҳаёт дар сайёраи Замин дар натиҷаи аз дигар сайёраҳо омадани ягон «асосҳои ҳаёт».

Панспермия

Аз тарафи олими олмонӣ Рихтер соли 1865 пешниҳод шудааст ва аз тарафи Герман Гелмголс ва Сванте Аррениус дастгирӣ шудааст.

Мувофиқи назарияи панспермия, асосҳои ҳаёти дар кайҳон парвозкунанда (масалан спораи микроорганизмҳо) аз як ҷирми осмонӣ ба ҷирми осмонии дигар ба воситаи метеоритҳо ваё таҳти таъсири фишори рӯшноӣ мегузаранд. Пайдоиши ҳаётро дар Замин низ ба воситаи панспермия шарҳ додаанд. Баъд аз кашф шудани нурҳои кайҳонӣ ва таъсири шуоафканӣ (радиатсия) ба чизҳои биологӣ мавқеи фарзия ниҳоят суст шуд.

Вале, баъд аз он ки аз тарафи киштии кайҳонии Аполлон боҳимондаҳои микрооргазимҳои заминӣ дар зонди дар Моҳ буда ёфт шуданд, ин назария як такони дигаре барои дурустияш гирифт. Дар айни ҳол ақидаи панспермия байни Замину Мирррих бисёр маъмул аст, хусусан баъд аз оне, ки мавҷудияти об дар Миррих маълум шуд.

Соли 2006 натиҷаҳои таҳқиқи Deep Impact исбот намуд, ки дар таркиби моддаи комета об ва пайвастагиҳои органикии соддатарин маҷуданд. Ин шаҳодат медиҳат, ки кометаҳо метавонанд яке аз ноқилони ҳаёт дар дунё бошанд.