Аполлон (киштии кайҳонӣ)

«Аполлон» — номи киштиҳои кайҳонии ИМА барои парвози кайҳоннавардон ба Моҳ, инчунин барномаи парвози онҳо, ки охири соли 1967 оғоз ёфтааст.

Нишони барнома.

Сохт вироиш

Барои парвози «Аполлон» мушаки барандаи «Сатурн-5» истифода шудааст. «Аполлон»-ро ду киштии кайҳонии қӯша (ду модул) ташкил медиҳанд, ки бо мушаки баранда ба мадори атрофи Замин бароварда, баъд якҷоя сӯи Моҳ фиристода мешаванд. Дар яке аз ин киштиҳо, ки киштии мадорӣ ном дорад, 3 астронавт ҷой мегиранд ва ҳангоми ба мадори назди Моҳ расидан ду нафари онҳо дар киштии дуюм (киштии фурудоӣ) ба сатҳи Моҳ фуруд меоянд. Массаи умумии «Аполлон» бо муҳаррику захираи сӯзишворӣ то 47 т («Аполлон-17») мерасад.

Таърих вироиш

Бо ёрии «Аполлон» инсон бори аввал ба сатҳи Моҳ 21 июли 1969 қадам ниҳодааст (Н. Армстронг ва Э. Олдрин дар «Аполлон-11»). Баъди парвози «Аполлон-17» (7 – 19 декабр 1972) барномаи «Аполлон» анҷом ёфт. Нигар «Союз-Аполлон».

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш