Парадоксов Леонид Фёдорович

Леонид Парадоксов — доктори илми тиб (1950), профессор (1951). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1951). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1945). Духтури шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1942).[1]

Леонид Парадоксов
Парадоксов Леонид Фёдорович
Таърихи даргузашт 1954(1954)
Унвонҳои илмӣ олим, арбоби давлатӣ

Зиндагинома

вироиш

Леонид Парадоксов Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро хатм намудааст (1921), ихтисос – «офталмология». Самти асосии фаъолияти илмӣ: офталмология. Мудири шуъбаи бемориҳои чашми Бемористони ҷумҳуриявӣ (1925-1942), мудири кафедраи бемориҳои чашми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1942-1949), сарофталмологи ҶШС Тоҷикистон (1949-1954).

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Бо ордени Ленин, «Нишони Фахрӣ»,
  • медали «Барои меҳнати шоиста» тақдир шудааст.
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1945).
  • Духтури шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1942).

Манобеъ

вироиш
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.