Парварда (шираворӣ)

Парварда — як навъи ширинист. Қандро то қиём шуданаш дар об каме ҷавҳари лимӯ андохта меҷӯшонанд. Баъд қиёмро ба зарфи мисин ё сирдори равғанмолида андохта, ба даруни деги калони пур аз об мегузоранд ва то хунук шуданаш босуръат давр мезанонанд. Ҳангоми даврзанӣ қиём паҳн шуда, ба деворҳои зарф мечаспад. Қиёмро чанд маротиба ба мобайн ғун ва рӯгардон мекунанд. Ҳамин ки қиём хунук шуд, онро каме ба орди тозаи гандум меғелонанд. Сипас, калобавор дароз карда, то сафед шудани қиём дар мехи сутунии махсус печутоб медиҳанд. Қиём, ки сафед шуд, онро дар рӯи гарди орд зувола мегиранд. Зуволаро борику дароз карда, майда-майда мебуранд. Баъд ба он боз гарди орд пошида, ба зарфе мегиранду болояшро чанд соат бо кӯрпача ва ё ягон чизи ғафс мепӯшонанд. Сипас, парвардаро аз орд тоза карда мегиранд. Барои тайёр кардани 1 кг парварда 0,5 кг орд, 5 истакон шакар ё қанди кӯфта, 1 истакон об ва як қошуқча маҳлули ҷавҳари лиму лозим аст.[1]

Нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 П-Ҷ./Дар зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р.Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ. — М: Советская Энциклопедия, 1969, — c. 609.
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. — Душанбе: Дониш, 2015.

Пайвандҳо

вироиш
  1. Қаннодӣ. 18 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 июни 2017.