Қанд
Қанд (форсӣ: قند) — ғизои маъмули ширин, ки аз қиёми шираи найшакар ва лаблабуи қанд ҳосил мешавад[1].
Таркиби кимиёӣ
вироишТаркиби химиявии қанд якхела буда, 99,75 фоиз сахароза иборат аст. Қанд зудҳазм буда, организмро бо карбогидратҳо таъмин мекунад.
Истеҳсол
вироишҚандро аз найшакар ё лаблабуи қанд мегиранд. Солҳои охир олимони як қатор мамлакатҳо афзоиши баъзе бемориҳо, аз ҷумла амрози дилу раг ва кариеси дандонро ба истеъмоли барзиёди қанд вобаста медонанд. Аз ин сабаб бо дигар ғизоҳо иваз намудани қанд ё дар вояи хӯрок кам кардани миқдори он тавсия дода мешавад.
Истеъмол
вироишДар ҳақиқат, истеъмоли қанд дар мамлакатҳои мутараққӣ дар сад соли охир борҳо афзудааст. Солҳои 70 садаи XX миқдори он ба ҳар сари аҳолӣ андаряк рӯзе 110 – 140 гиромро ташкил медод. Агарчи қанд манбаи муҳими глюкоза буда, барои кори мағзи сар, мушакҳо ва диг. узвҳо зарур аст, тавсияи олимон оид ба кам кардани истеъмоли он асос дорад. Қанд пеш аз ҳама мансуби хӯроквориҳо буда, калорияи он ба арзиши ғизоӣ мувофиқ нест. Агар одам қандро бисёр истеъмол кунад, дар вояи хӯрок миқдори сафедаҳо, витаминҳо, моддаҳои минералӣ кам мешавад. Зиёд будани калорияи қанд (ҳангоми барзиёд истеъмол кардани он) боиси ихтилоли мубодилаи равған, фарбеҳӣ, зиёд гаштани холестерини хун мегардад. Дар натиҷаи истеъмоли якбораи миқдори зиёди қанд глюкозаи хун афзуда, гормони ғадуди зери меъда – инсулин бисёр хориҷ мешавад. Ин ҳолат ба ғуншавии глюкоза дар намуди гликоген дар ҷигар, мушакҳо ва қисман ба равған табдил ёфтани он мусоидат менамояд. Дар натиҷа ғилзат (консентратсия)-и қанд дар хун кам шуда, одамро эҳсоси гуруснагӣ фаро мегирад. Чунин таъсири қанд фиреби ҳис аст, зеро он боиси пурхӯрӣ ва фарбеҳии одам мегардад. Ғайр аз ин, мунтазам ва барзиёд истеъмол кардани қанд кори ғадуди зери меъдаро вазнин карда, сабаби инкишофи диабети қандӣ мешавад. Аз ин рӯ, ҳатто ба одамони солиме, ки бо кори ҷисмонӣ ва спорт машғул нестанд, рӯзе на зиёдтар аз 50 – 100 г истеъмол кардани қанд мувофиқи мақсад аст (ба ин маҳсулоти ширин, таом, конфет, маҳсулоти қаннодӣ, мураббо, ҷем, компот ва ғайра низ дохил мешавад). Ғайр аз ин, истеъмоли қандро кам карда, бидуни маслиҳати духтур онро бо сахарин, ксилит, сорбит, фруктоза иваз намудан ҷоиз нест, зеро истифодаи мунтазами онҳо барои саломатӣ зарар дорад.
Дар айни ҳол истеъмоли миқдори нисбатан зиёди қанд барои одамоне, ки ба кори вазнини ҷисмонӣ машғуланд, махсусан барои варзишгарон (рӯзе зиёда аз 100 г), комилан дуруст аст. Бо рафти синну сол истеъмоли қандро кам кардан лозим.
Қанд хосияти дар организм нигоҳ доштани обро дорад, бинобар ин миқдори он дар ғизои муолиҷавӣ бояд мӯътадил бошад, хоса ҳангоми варам кардани аъзо.
Дар мавриди баъзе бемориҳо (диабети қандӣ, фарбеҳӣ) истеъмоли қанд бояд хеле кам ё комилан қатъ карда шавад. Дар ин сурат чун ширинӣ аз ивазкунандаҳои қанд, хусусан сорбит ва ксилит, истифода мебаранд; сахаринро фақат дар истеҳсоли машрубот ва маҳсулоти қаннодие, ки барои беморони гирифтори диабети қанд таъйин шудаанд, кор мефармоянд. Ширинии сорбит аз ширинии қанд ду маротиба камтар аст. Сорбит барои беморони диабети қанд ва фарбеҳ тавсия шудааст. Ксилитро низ ба чунин беморон тавсия мекунанд; он аз қанд ду маротиба ширинтар ва нисбат ба сорбит хуштаъмтар аст. Ғайр аз ин, ксилит талхарон ва исҳоловар низ мебошад.
Миқдори тақрибии қанд дар баъзе ғизоҳо
вироишМаҳсулот | Воҳиди ченак | Вазн, бо грамм | Миқдори қанд,
бо грамм |
---|---|---|---|
Шакар | 1 қошуқча | 9 | 9 |
Рафинад | 1 дона | 7 | 7 |
Повидло | 1 қошуқча | 15 | 10 |
Мураббо | 1 қошуқча | 15 | 11 |
Пирожнӣ | 1 дона | 75 | 34 |
Пичинӣ | 1 қуттича | 185 | 50 |
Яхмос | 1 баста | 75 | 12 |
Компот | 1 истакон | 175 | 39 |
Афшураи мева | 1 истакон | 175 | 26 |
Оби мева | 1 истакон | 175 | 16 |