Парвиз Пӯлодӣ (Абдулазизов Парвиз Пӯлодович; 12 декабри 1970, деҳаи Қалъаи Ҳисор, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон) — оҳангсоз, овозхон, ҳунарпешаи театру синамо[1][2][3][4].

Парвиз Пӯлодӣ
форсӣ: پرویز پولادی
Таърихи таваллуд: 12 декабр 1970(1970-12-12) (54 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, ҳунарпешаи синамо, ҳунарпешаи театр, овозхон, оҳангсоз, садогузор
Корнома: 2010 — то ҳол
IMDb: ID 13918659

Зиндагинома

вироиш

Институти киною театри ба номи М. Шепкини шаҳри Маскавро соли 1992 ба итмом расондааст. Солҳои 1992—2010 ҳамчун актёри Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов, коргардони идораи драмавии телевизиони тоҷик, овозхони ансамбли давлатии рақсии «Лола», овозхони ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, овозхони Филармонияи халқии ноҳияи Ҳисор заҳмат кашидааст. Солҳои 2010—2014 мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор буд. Чун овозхон «Дӯст медорам туро», «Ассалом», «Ишқи аввал», «Бори ғам», «Арӯсӣ», «Модар», «Ватан», «Ман чаро дил ба ту додам», «Ту куҷоӣ», «Омадам» барин сурудҳои дилнишин ба хидмат овардааст. Бисёр сарояндагони касбию ҳаваскор дар ҳавои оҳангҳояш таронаҳо замзама мекунанд. Дар спектакли театрҳо нақш бозида, ҷаҳони қаҳрамононашро хуб мекушод. Аз истеъдодаш дар студияю ширкатҳои филмбарории Русия ва Қазоқистон борҳо истифода шудааст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо медали «Хидмати шоиста» шарафёб гардидааст.

  1. Дарья Ефремова. Открыть The Doors: американские иконы, русская баба и норвежский аутсайдер(рус.). Известия (26 августи 2022). 26 августи 2022 санҷида шуд.
  2. "Лена и справедливость": необычный портрет российской провинции (ru-RU). Профиль. 26 августи 2022 санҷида шуд.
  3. Sputnik Таджикистан. Таджикский актер сыграл главную роль в новой российской комедии: видео(рус.). Sputnik Таджикистан (20220825T1945+0500). 26 августи 2022 санҷида шуд.
  4. Кондрашов Александр. Люди добрые - Статьи - Литературная газета. www.lgz.ru. 26 августи 2022 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.