Петер Манфред Грубер
Петер Манфред Гру́бер (олмонӣ: Peter Manfred Gruber; 28 августи 1941, Клагенфурт, Утриш — 7 марти 2017) — риёзидони утришӣ, академики АИ Австрия (1991), узви хориҷии АИ Русия (2003).
Таърихи таваллуд | 28 август 1941 ё 1941[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 7 март 2017[2] ё 2017[1] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | ҳандаса, назарияи ададҳо[d][1], риёзиёт[1] ва ҳандасаи гусаста[d][1] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Nikolaus Hofreiter[d][3] ва Edmund Hlawka[d][3] |
Шогирдон | Hartwig Sorger[d][3] |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | dmg.tuwien.ac.at/gruber/ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДар донишгоҳҳои Вена ва Канзас илмҳои физика ва математикаро омӯхта (1959-66), дар Донишгоҳи Вена унвони дарёи и. фалсафаро гирифтааст (1966). Ассистент ва дотсенти Донишгоҳи технологии Вена (1966-71), мудири кафедраи таҳлили математикии Донишгоҳи Линтс (1971-76), мудири кафедраи таҳлили математикии Донишгоҳи технологии Вена (аз 1976). Петер Манфред Грубер президенти Ҷамъияти математикони Австрия (1978-82), президенти Шуъбаи математикии Донишгоҳи технологии Вена (1981-89) ва раиси Кумитаи математикии АИ Австрия (1996-98) буд. Дар соҳаҳои геометрияи стохастикӣ, геометрияи ҷисмҳои барҷаста, назарияи квантониши оптималӣ ва замимаҳои он ба назарияи эҳтимолият ва интегралгирии ададӣ таҳқиқот анҷом додааст. Петер Манфред Грубер муаллифи чандин китоб аст, ки дар байни математикҳои ҷаҳон хеле маъмуланд.
Осор
вироиш- Грубер П. М., Леккеркеркер К. Г. Геометрия чисел. М., 2008;
- P. M. Gruber Convex and Discrete Geometry, Springer, Grundlehren der mathematischen Wissenschaften, 2007;
- P. M. Gruber (ed.), J. Wills (ed.) Handbook of Convex Geometry. Volume A, Amsterdam: North-Holland, 1993.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Грубер Петер Манфред // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.