Пешин ё зуҳр (ар. صلاة الظهر‎ — намози нимрӯз) — дуввумин намоз аз намозҳои панҷгона дар ислом, чор ракъат суннату чор ракъат фарз ва ду ракъат суннат дорад.

Оғози намози пешинВироиш

Оғози намози пешин баъд аз заволи офтоб буда, охири он вақтест, ки сояи ҳар чиз ба ду баробари худаш (бинобар назари Абӯҳанифа (рҳ)) ва ё ба як баробари худаш (бинобар ривояте) бирасад. Ногуфта намонад, ки сояи ҳар чиз ба ғайри он сояе, ки ҳангоми қиём, яъне гардиши завол дорад, ҳисоб мешавад[1].

Намози пешин дар рӯзи ҷумъаВироиш

Дар рӯзи ҷумъа, намози ҷумъа ба ҷои намози пешин дар масҷидҳои ҷомеъ бо имом ва хонда мешавад.

Намози пешин дар сафарВироиш

Ҳангоми мусофират намози пешин кӯтоҳтар хонда мешавад яъне ба ҷойи чаҳор ракъат, ду ракъат хонда мешавад.

ЭзоҳВироиш

  1. Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби Ҳанафӣ. Душанбе, 2017. саҳ. 212 (Заввол)

АдабиётВироиш

  • Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби Ҳанафӣ. Душанбе, 2017.