Пешоварон (то 30.08.2024 — Болшевик[1]) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён. Аз Болшевик то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 30 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 411 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Пешоварон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Кӯшониён
Ҷамоат Деҳоти Заргар
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Болшевик
Аҳолӣ
Аҳолӣ 411 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3245
Нишонаи почта 735140

Таърих

вироиш

Мувофиқи шаҳодати Фаттоев Ҳоҷӣ Додиллои 78-сола деҳа соли 1930 таъсис ёфтааст. Соли 1948 дар деҳа 17 хоҷагӣ мавҷуд буда, дар ҳайати колхози ба номи Максим Горкий бо номи участкаи Крупская (аз соли 1987 ба номи Д. Нуриддинов) вуҷуд дошт. Соли 1970 номи Болшевикро гирифт.

Иқтисод

вироиш

Бунгоҳи тиббӣ, нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта ва 4 хоҷагии деҳқонӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Бирлик таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз рӯди Вахш обёрӣ мешаванд. Айни замон дар Болшевик 15 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст.

  1. ADLIA. mmih.tj. 9 октябри 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш