Пиктография
Калимаи «Пиктография» аз ду қисм иборат буда, ба ду забон хос аст. Маънои луғавии қисми аввал бо лафзи лотинӣ «Пиктус»- тасвир, нафосат, ҷамил, рангкардашуда ва қисми дуввум бо лафзи юнонӣ «Графо» нигоштан, навиштан аст.
Таърих
вироишМуаллифи китоби «Таърихи коғаз» М.Т. Маликин дар ҷараёни таҳлилу таснифи таърихи коғаз ба пайдоиши хатти пиктографӣ (тасвир-нигорӣ) дахолат карда, андешаҳои худро ин тавр шарҳ додааст: «Дар яке аз минтақаҳои ИМА ғоре воқест. Дар танаи вай нақшҳои аҷибе сабт гардидаанд. Нақшҳо ба юриши ҳиндуёни амрикоӣ мансубанд. Солноманавис манзараро фаҳмо ва дилкаш тасвир кардааст. Ӯ дар тасвири амалиёти ҳиндуён панҷ заврақ – ҳолати ҳаракат, болои заврақҳо аломати панҷоҳу як хатчаи алифмонанд – яъне шумораи рӯз, тӯл кашидани ҳарбу зарб, нақши уқоб – хосияти ҷасурӣ ва ниҳоят нақши сангпушт – барори юриши ҳиндуёнро ифода кардааст». Инҳо тасвироте буданд, ки минбаъд хатти пиктографӣ номида шудаанд. Солҳои гузашта ва замони мо тадқиқотчиён бисёр мавзеъҳои аз таърихи ихтиройи хат сабти хатти пиктографиро таҳқиқ кардаанд. Намунаҳои ин хат дар Амрико, Арабистон, Чин, Австралия, Исландия, Скандинавия, Сибир, Арманистон, Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тасвирҳои рӯи сангҳо, саҳроҳои Саймолитоши Фарғона, соҳилҳои Зарафшон, Бадахшони Тоҷикистон ёфт шудаанд ва бархе аз ин сангнавиштҳо ба замонҳои скифу қарматҳо хос мебошанд. Хатти пиктографӣ замони мо ҳам ба таври васеъ истифода мешавад. Намунаҳои ин хат дар тасвироти рассомон, кандакорон, наққошон, ки ба воқеот, манзараҳо, табиати рӯҳафзо бахшида шудаанд, намоён мегарданд. Тасвироти гузаргоҳҳои роҳҳои оҳан, автомобилгард, дарҳо, сутунҳои барқӣ ба мисли косахонаи сар, суратҳои зайл омада, аз хатар эҳтиёткориро ифода менамоянд.
Хусусияти хат
вироишАз рӯи хатти пиктографӣ, бе алифбо тасвиротро бе хондану забондонӣ дарк кардан мумкин аст. Забони хатти пикторграфӣ ниҳонист.
Нигаред низ
вироишАдабиёт
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
Адабиёт
вироиш- Афсаҳов А., Қаҳҳоров, Ҳ. Хат ва пайдоиши он.- Душанбе: Маориф, 1994.- С.32-34.
- Ахмедов Б., Юнусов, А. Аз таърихи ихтирои хат. // Китобдор.- 2006.- №1.- С.17.
- Пиктография // Энсиклопедияи совети тоҷик. - Душанбе, 1984.- Ҷ.5.- С.509.
- Хат // Энсиклопедияи совети тоҷик.- Душанбе, 1987.- Ҷ.7.- С. 613-619
- Коғаз //Энсиклопедияи совети тоҷик. – Душанбе,1981.- Ҷ.З.- С. 498.
- Ахмедов Б. Китоб ва пайдоиши он // Китобдор.- 2007.- №1.- С.34-35.
- Матншиносӣ // Энсиклопедияи совети тоҷик.- Душанбе,1983.- Ҷ.4.- С.268.
- Манбаъшиносӣ // Энсиклопедияи совети Тоҷик.- Душанбе, 1983.- Ҷ.4.- С. 177-178.