Пир Садир
Пир Садир (15 майи 1911, Бекигарии Дарвоз — 23 августии 1993, Тоҷикистон) — овозхон ва оҳангсози тоҷик. Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1963).
Таърихи таваллуд | 15 май 1911 |
---|---|
Зодгоҳ | Бекигарии Дарвоз |
Таърихи даргузашт | 23 август 1993 (82 сол) |
Маҳалли даргузашт | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Зиндагинома
вироишПир Садир 15 майи соли 1911 дар деҳаи Дашти Лучи амлокдории Қалъаихумби бекигарии Дарвоз ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар назди мадрасаи деҳа охуни Муллонасрулло гирифтааст. Сабақи аввали овозхони ва машшоқиро аз амакаш Собир омӯхта, сипас онро дар назди ҳунарманди намоён Ота Мирмуҳаммад такмил додааст. Чун сарояндаи касби ҳунари Пир Садир дар давраи сохтмони шаҳрҳои Сталинобод-Хоруғ сайқал ефтааст. Дар ҳайати кружоки худфаъолияти, ки ба он Бобои Сунат, Сайдамир Боби, Хосияти Шаҳбол ва дигарон шомил буданд, дар қитъаҳои алоҳидаи роҳ дар лаҳзаҳои истироҳати кӯтоҳмуддат, бештар шабона дар гирди гулхан консерт ороста, хотири роҳсозонро болида медоштанд.
Соли 1941 бо даъвати Акашариф Ҷӯраев ба пойтахт рафта, дар Дастаи (ансамбли) куҳистони назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ки роҳбарияшро устод ба уҳда дошт, фаъолият намуда дар ҳайати он дар Даҳаи якуми адабиёт ва санъати тоҷик дар саҳнаи Москва ҳунарнамои кардааст. Соли 1946 Пир Садир бо тавсияи Акашариф Ҷӯраев ба ҳайси директории театри вилояти Ғарм таъйин гардид. Дар солҳои роҳбарии ӯ театри номбурда, ба яке аз марказҳои ҳунари ҷумҳурӣ табдил ефта буд. Дар назди театр дастаи ҳунармандии баччагона таъсис дода шуд. Дар ин театр шогирдонаш,ҳофизони оянда Саломатшоҳ Шоназриев, Зулайхо Раҳимова, Шумқор Одинабеков ва дигарон ба саҳнаи калони ҷумҳуриявӣ ва берун аз он роҳ ефтаанд.
Пир Садир соли 1950 ба зодгоҳаш Дарвоз даъват шуда, роҳбарии хонаи маданияти маркази ноҳияро ба уҳда гирифт. Тӯли фаъолияташ дар Қалъахумб дар азназаргузарониҳои ноҳиявию вилояти ва ҷумҳуриявӣ бештар аз 70 маротиба бо барномаҳои ҳунарӣ баромад кардааст.
Ҷоизаҳо
вироишДараҷаи баланди ҳунари ва ташкилотчигиашро ба назар гирифта, 29 августи соли 1963 ӯ ба унвони ифтихории Ҳофизи халқии Тоҷикистон қадршиноси шудааст. Хидмати Пир Садир дар нигаҳдошту равнақи анъанаи хунёгарии диёр (Сабки хумбӣ) ва тарғиби он хело назарас аст.
Пир Садир 23 августи 1993 аз олам даргузашт.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Иборат аз се ҷилд. Ҷилди 3. Равзана — Ҷӯраев. — Душанбе, 2004, с. 471