Плиозаврҳо
Плиозаврҳо (англ. Pliosauroidea) — як зероилаи хазандагони баҳрии мунқаризро гӯянд, ки ба зерқатори плезиозаврҳо мансубанд. Дар замони охири юра ва давраи табошир зиндагӣ кардаанд. Дарозишаон зиёда аз 10 метр. Ҷонварони обии даррандаи боқувват буда, сари калон ва гардани нисбатан кӯтоҳ доштанд. Боқимондаи Плиозаврҳо аз таҳнишастаҳои ҳамаи материкҳо ва дар қаламрави Русия аз таҳнишастҳои давраи юраи Заволжия ва Осиёи Миёна дар Қазоқистони шимолӣ ғарбӣ ёфт шудаанд.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |