Пода — галаи чорпои хонагӣ (гов), ки бо мақсади парваришу чаронидан ташкил карда мешавад.

Навбати пода, деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод

Пода чорпои аз ҷиҳати зот, синну сол ва аҳаммияти истеҳсолӣ гуногунро дар бар мегирад. Таркиби пода, таносуби гурӯҳҳои алоҳидаи ҳайвонот дар он, таъйинот, саршумори чорпо ва муҳлати истифодаи онҳо ба шартҳои ташкилию хоҷагии таҷдиди пода вобаста аст. Масалан, дар подаи ҷамъиятӣ подаи говҳои дӯшоӣ, подаи гӯсолаҳо, подаи ҷавонаҳо, подаи чорпои парворӣ ва ғайраро ҷудо мекунанд. подаи говҳои дӯшоӣ 100—200 сар, подаи ҷавонаҳо 150—200 сар, гӯсолаҳо 30-50 сар мешавад. Вале дар подаи аҳолӣ зот, синну сол (ба ғайр аз гӯсолаҳо) ва миқдори чорпо чандон ба эътибор гирифта намешавад. Миқдори чорпои пода вобаста ба саршумори чорпои аҳолӣ кам ё зиёд шуда метавонад. Подаро подабонон ба чаро мебаранд.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш