Подзарраҳо, антизарраҳо (англ. antiparticle ) — зарраҳои бунёдие, ки як қатор тавсифҳояшон аз рӯи қимати ададӣ бо тавсифҳои зарраҳои одӣ: масса, спин, спини изотопӣ (ба истиснои проексияи сеюми он), умр, ҷуфтият айнан якхелаанду тавсифҳои дигарашон (зарядҳои электрикӣ, барионӣ, лептонӣ, моменти магнитӣ, аҷобат ва ғайра) аз рӯи аломаташон (самташон) аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Намунаи ҷуфти зарра - антизарраҳо инҳоанд: электрон-позитрон, протон-антипротон, нейтрон-антинейтрон, ней-трино-антинейтрино ва ғайра Ҳангоми ба ҳам бархӯрдан антизарраҳо ва зарра якдигарро маҳв карда, ба шакли дигари материя мегузаранд. Мафҳуми антизарраҳоро соли 1928 П. Дирак ба физика дохил карда буд. Муодилаи релативии кашфкардаи ӯ барои электрон (муодилаи Дирак) дар ҳалли худ узверо бо энергияи манфӣ дошт. Дирак нишон дод, ки мавҳ шудани электрони энергияаш манфиро чун тавлиди зарраи (бо ҳамон як масса) энергия ва заряди электрикии мусбат шарҳ додан мумкин ва зарур аст. Соли 1932 ин зарра аз тарафи К. Андерсон дар таркиби нурҳои кайҳонӣ кашф карда шуд ва ба сабаби мусбат будани зарядаш позитрон (антиэлектрон) ном гирифт. Пас аз кашфи позитрон, ки назарияи Диракро ба куллӣ тасдиқ кард, ҷустуҷӯи антизарраҳои дигар оғоз ёфт. Таҷрибаҳои минбаъда муқаррар карданд, ки на танҳо электрон, балки ҳама зарраҳои мавҷуда антизарраҳои худро доранд. Дар таркиби нурҳои кайҳонӣ (1937) боз як ҷуфт зарраву антизарраҳо — мю-мезонҳо (μ+ ва μ-, массаашон баробар ба 206,7 массаи электрон), каме баъдтар (1947) зарраҳои вазнинтар, пи-мезонҳо (π+, π- ва π0; массаи π+ ва π- баробар ба 273,13 ва массаи π0 ба 264,15 массаи электрон) ошкор гардиданд. Соли 1955 дар таҷрибаҳо оид ба пароканиши протонҳои баландэнергия (EP > 7,6 ГэВ) дар протонҳо (реаксияи р + р → р + р + р +Ṕ) тавлиди антипротон мушоҳида шуда буд. Дар ҳамин гуна таҷрибаҳо соли 1956 антинейтрон кашф мешавад. Солҳои 50 садаи XX бо кашфи антигиперонҳо анҷом меёбад. Ҳоло ба «дугоник» — антизарра доштани ҳар як зарра ҳеч кас шубҳае надорад. Дар баъзе мавридҳо зарра ва антизарраҳо айнан якхелаанд (γ — фотон, π0 -мезон, η0-гиперон, 2К0-мезон (К01 ва К02), 1/ψ-мезон). Хосиятҳои антизарраҳо ба тавассути симметрияи назарияи квантии майдон (СРТ) шарҳ дода мешаванд.

Сарчашма

вироиш