Подумҳо
Подумҳо (лот. Collembola), як қатори ҳашаратҳои дараҷаи пастро гӯянд, ки ба зерсинфи аптериготҳо мансубанд. Подумҳо ҳашароти нахустбебол буда, сохти хеле сода доранд. Андозаашон 0,2 - 2 (баъзан 5-10 ) мм. Хелҳои подумҳо ниҳоят бисёр буда, онҳо дар хоку наботот зиндагӣ мекунанд; дар 1 метри мураббаи ҷангал, дашт ва алафзор садҳо ҳазор подумҳоро дидан мумкин аст. Подумҳо қадимтарин мавҷудот буда, дар тамоми қитъаҳои олам (ҳатто дар Антарктида) зиндагӣ мекунанд.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.