Подшоҳбозӣ (бозӣ)
“Подшоҳбозӣ” ё “Дузду қозӣ”
Дар бозӣ 4 нафар иштирок мекунанд. Онҳо қуттии гӯгирдро гирифта, бо навбат рӯйи фарш ё замини ҳамвор мепартоянд. Агар қуттии гӯгирд ба шакли амудӣ рост истад, онро “подшоҳ”, ба тарзи уфуқӣ рост истад – “вазир”, рӯ ба боло – “сӯфӣ” ва ниҳоят агар рӯ ба фарш афтад, он “дузд” ҳисоб мешуд. Баъд аз як дафъаи партофтани гӯгирд вазифаҳо муайян мешуданд. “Сӯфӣ” “дузд”-ро дошта, ба назди “подшоҳ” мебурд ва арз мекард, ки “шоҳам, аз фалон ҷо дуздро дастгир кардем, чи кор кунем?”. “Подшоҳ” ба “вазир” супориш медод, ки “дузд”-ро якчанд дурра ё шаппотӣ занад. Дар вилояти Суғд, Водии Ҳисор, Рашт, Дарвоз фаъол аст.[1]
Адабиёт
вироиш1. Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3, Д., 1976. 2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 191