Пойгаҳ, кафшкан, поёни хона, ҷое, ки ба хона даронядгон пойафзол кашанд. Пойгаҳ аз поёни хона буда, дар баъзе маҳалҳо онҳоро аз ҳам бо зеҳрав ҷудо мекунанд. Пойгаҳро дар Панҷакент кафшпарто, паси дар мегӯянд, дар Яғноб - кӯча ва ғайра. Қисми поёни ҳар навъ хонаро низ пойгаҳ меноманд[1].

  1. Пойгаҳ, Энциклопедияи советии тоҷик, ҷилди 6, саҳ. 15, Душанбе