Помир (киштӣ)
Помир (олмонӣ: Pamir) — киштии бодбонии сохти Олмон дар соли 1905; охирин киштии тиҷории бодбониии ҷаҳон, ки бар асари тӯфон 21 сентябри 1957 киштии бодбонии «Помир» дар уқёнуси Атлантик дар наздикии ҷазираҳои Азор ғарқ гардид. Аз 86 сарнишини «Помир» 80 нафараш дар ин фалокат ҷон бохтанд.
Таърихи сохтмон
вироишКиштии бодбонии чорсутунаи «Помир» ҳанӯз соли 1905 дар верфи киштисозии Ҳамбурги Олмон сохта шуда, тӯли ҳамаи 52 соли вуҷудаш таҳти парчами Олмон шино кардааст.
Киштии «Помир» дар асл рабте ба Тоҷикистон надорад. Албатта, ба ҷуз номаш, ки ба шарафи кӯҳҳои Помир гузошта шудааст. Дар ибтидои садаи XX ширкати немисии «F. Laeisz» дар верфи Ҳамбург сохтани 65 киштии бодбониро фармоиш дод, ки бо номи «Лашкари П-ҳои паррон» машҳуранд. Исми ҳамаи ин киштиҳо бо ҳарфи П сар мешуд: «Pacific», «Peru», «Panama», «Persia», «Princess», «Pamir»… Киштиҳо аз «Лашкари П-ҳои паррон» бо суръати рекордии худ маъруфанд ва онҳоро маллоҳон ба ин далел «windjammer» — бодкаш ҳам ном мебаранд.
Киштии «Помир» дар соли 1932 дар мусобиқаи киштиҳои бузурги бодбонӣ дар гирди дунё бо номи «Weizenregatta» сазовори ҷои аввал шуд. Аммо дар миёнаи садаи XX бо рушди саноати киштисозӣ умри киштиҳои бодбонӣ низ ба поён омад. Киштии «Помир» ва киштиҳои дугоникашро бояд ба оҳанпора супурда, реза мекарданд. Вале киштидори немис Шливен соли 1950 дар бандари Антверпен ду чунин киштӣ -«Помир» ва «Пассат»-ро аз марги ногузир аз дасти арраҳои оҳанбурӣ наҷот дод. Шливен ҳарду киштиро харида, ба бандари Любеки Олмон бурд. Вале Шливен баъди чанде варшикаста шуд ва соли 1955 Ҷамъияти «Пассат» ва «Помир» ташкил шуд, ки ҳарду киштиро ба киштиҳои таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои маллоҳӣ табдил дод. Ҳамзамон ин ду киштӣ бояд барои кашондани ғалладона аз Аргентина ба Австралия истифода мешуданд.
Ғарқшавӣ
вироишМоҳи августи соли 1957 киштии «Помир» аз бандари Буэнос-Айрес ҷав гирифта, ба роҳ баромад. Аз 86 сарнишини киштӣ 52 нафараш донишҷӯёне буданд, ки бори аввал ба сафари дури уқёнус мебаромаданд. Рӯзи 21 сентябр дар наздикии ҷазираҳои Азов «Помир» ба тӯфони «Керри» рӯбарӯ омад. Капитани киштӣ бонги изтироб SOS фиристод ва кумак хост. Ба ҷустуҷӯи киштии «Помир» 58 киштӣ сафарбар шуданд, вале алакай рӯзи 23 сентябр эълон шуд, ки ҷустуҷӯ дигар беҳуда аст ва «Помир» алакай ғарқ шудааст. Рӯзи 24 сентябр аз як қаиқи наҷот 5 донишҷӯ (ДАР АКСИ ЗЕР) аз ҷумлаи сарнишинҳои «Помир»-ро дар ҳолати нимҷон пайдо карда буданд. Баъди чанде боз як донишҷӯи дигарро аз як қаиқе, ки алакай ба коми уқёнус мерафт, нимзинда берун кашиданд. Вале 80 сарнишини дигари «Помир» якҷо бо ин киштии таърихӣ дар обҳои уқёнуси Атлантик ба дидори аҷали худ расиданд. Курсантҳои наҷотёфта қисса кардаанд, ки тӯфон ончунон зуд «Помир»-ро гирифт, ки капитани киштӣ Дибиш дигар дар фикри наҷоти на киштӣ, балки танҳо сарнишинонаш буд ва фармон дод, ки ҳама бо худ захираи кофии сигору шароб гирифта, ба қаиқҳои наҷот бишинанд.
Филмҳо дар бораи «Помир»
вироишДар соли 2006 синамогарони олмонӣ дар бораи фалокати киштии «Помир» филми ҳунарие бо номи «Der Untergang der Pamir» («Ҳалокати „Помир“») ба навор гирифтанд.
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- ФОҶИАИ КИШТИИ “ПОМИР”. akhbor.com. Ахбор. 6 сентябри 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)