Портал:Иёлоти Муттаҳида/Ахбори Иёлоти Муттаҳида
- Конгресси Амрико ветои раисиҷумҳурро ботил карда натавонист
Маҷлиси намояндагони Амрико натавонист, ветои раиси ҷумҳур ба қарори конгресс дар мавриди сармоягузории ҷанги Ироқ ва ихроҷи нерӯҳо аз ин кишварро ботил кунад.[1]
- Сенатор Барак Обама эълон кард, ки мехоҳад аз Ҳизби Демократи Амрико номзадии худро ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико пешбарӣ кунад. Интихобот соли 2008 баргузор мешавад.
- Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш бо муовини раиси ҷумҳурии Ироқ Ториқ Ал Ҳошимӣ дар Кохи Сафед мулоқот кард. Буш дар сӯҳбат бо ин мақоми баландпояи суннимазҳаб гуфт, ки ИМА омода аст, ба ҳукумати Ироқ барои дар амал татбиқ кардани ормонҳои баландпояи он мусоидат кунад.
- Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дигарбора музокироти мустақим ва бидуни пешшарт бо Сурияву Эронро рад кард.[3]
- 26 Декабр, 2006: Собиқ Президенти ИМА Ҷералд Форд дар синни 94 вафот мекунад.
- Ҷ. Буш: "Пешниҳодоти коршиносони мустақил дар мавриди Ироқ ҷиддан баррасӣ хоҳад шуд" Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ваъда дод, гузориши коршиносони баландпояро, ки гуфтаанд, сиёсати ҳукумати Амрико дар Ироқ корсоз нест, бодиққат баррасӣ хоҳад кард.[[4]