Портал:Русия/Шахси интихобшуда
Александр Сергеевич Пушкин (6 июн, 1799 — 10 феврал, 1837), шоир, асосгузори адабиёти классикии рус. Аз оилаи дворянини (дарборӣ) миёнаҳол. Авлоди падарии у аз боярҳои қадим буда, модараш набераи писари князи Ҳабашистон, ходими ҳарбии давраи ҳокимияти Петри I. П. Ганнибал Гиброхим; 1697— 1781).
Аввалин қувваозмоиҳои Пушкин дар шеър ба солҳои бачагии у рост меоянд. Солҳои таҳсил дар лицеи Сарское Село (русӣ: Царское Село) дар шоирӣ шӯҳрат ёфт. Барои литсеи Сарское Село, ки Пушкин соли 1811 ба он дохил шудааст, интишори ғояҳои озодихохӣ хос буд. Ба равнақи афкори револютсионӣ ва ватанлоҳӣ Ҷанги ватании соли 1812 низ мусоидат кард ва дар нахустин шеърҳои Пушкин таъсири муфиде гузошт («Хотираҳо дар бораи Cарское Село», 1814; «Шаҳрча», «Гул», 1815; «Хоб», «Орзу», «Ба дӯстон», 1816 ва т.). Пушкин бо ҷамоаи адабии И. М. Карамзин ва сонитар бо П. Я. Чаадаев робита пайдо кард. Дар шеърҳои ин давра 1817—20 таовири зиндагии туфонии шоири ҷавон ва ҷавоноти Санкт-Петербург мавқеи калон дорад. Рӯҳи озодидустй ва лиризми нарм, омезиши анъана ва навпардозиҳои далеронаи рамаятикй ба ашъори Пушкин («Ба Чаадаев», «Ба Жуковский», 1818; «Тачаддуд», 1819) ҳусни нав бахшид.