Похсадевор
Похсадевор — як навъ девор, ки аз қадимулайём дар байни тоҷикон ва мардуми Осиёи Миёна маълум аст[1].
Дар сохтани похсадевор, маъмулан, чор нафар — ду нафар лойгар, лойбур ва устои деворгар ширкат менамоянд. Лойбурҳо лойи похсадеворро тайёр мекунанд, Баъди тайёр ва барои похса мувофиқ шудани лой, лойбур бо бели махсуси оҳанӣ лойро пора-пора бурида ба усто медиҳад ва устои деворгар ин пораҳои лойро ба девор гузошта, канорҳои онро ҳамвор мекунад, то ки сатҳи девор ҳамвор гардад. Баъд аз бардоштани ҳар қабати похса мегузоранд, ки он каме бихушкад. Баъд қабати дигарро мезананд. Ин амал пайдоиши сӯроху тарқишҳои дутарафа (умқи)-ро дар девор пешгирӣ мекунад. Маъмулан лойи похсадеворро аз пойдевор мегиранд. Ҳангоми бунёди иморати одӣ баландии як похса 60-100 см, ғафсиаш 40-60 см мешавад. Дар ибтидо ба пойдевори похсадевор най ё чӯб мегузоштанд. Ҳоло пойдеворҳои бетонӣ, хишти пухта ё сангӣ бардошта мешаванд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Похсадевор // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).
Адабиёт
вироиш- Похсадевор // Н — Я. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2015—2016, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-78-1.