Далер Почоҷонов
(Тағйири масир аз Почоҷонов Далер Набиҷонович)
Далер Почоҷонов (тав. 3 апрел 1937) — заминшинос, доктори илмҳои геология ва минералогия (1975). Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1993). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1992). Аълочии маорифи ИҶШС. Ихтироъкори ИҶШС (1975). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2011).[1] Барандаи ҷоизаи «Ситораи муштаракулманофеъ»-и Иттиҳоди давтлатҳои мустақил дар соҳаи илму маориф (2014)[2]
Далер Почоҷонов | |
---|---|
Далер Набиҷонович Почоҷонов | |
Таърихи таваллуд: | 3 апрел 1937 (83 сол) |
Фазои илмӣ: | олим |
ЗиндагиномаВироиш
Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносовро хатм кардааст (1959), ихтисос — «химия». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: геохимияи унсурҳои нодир ва пароканда дар раванди русуб, химияи аналитикӣ.
- Котиби илмӣ (1964—1967),
- мудири Озмоишгоҳи геохимия ва химияи аналитикӣ АИ ҶШС Тоҷикистон (1965 — то имрӯз),
- муовини директори (1971—1978) Институти химияи ба номи В. И. Никитини АИ ҶШС Тоҷикистон,
- роҳбари Маркази аналитикии АИ Тоҷикистон (1985—1995),
- президенти Академияи хурди илмҳо (1985—1999),
- академик-котиби Шӯъбаи илмҳои физикаву математика, химия ва геологӣ АИ Тоҷикистон (1995—2000),
- ҳамраиси Барномаи сохтани шабакаҳои компютерии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо васл ба Интернет (1996 — то имрӯз).
ҶоизаҳоВироиш
- Медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»,
- «Ветерани меҳнат» (1988),
- Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.
- Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1992).
- Аълочии маорифи ИҶШС.
- Ихтироъкори ИҶШС (1975) .
- Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2011).[3]
- Барандаи ҷоизаи «Ситораи муштаракулманофеъ»-и Иттиҳоди давтлатҳои мустақил дар соҳаи илму маориф (2014)
ЭзоҳВироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |