Президенти Бурунди
Президенти Ҷумҳурии Бурунди (англ. President of the Republic of Burundi, фр. Président de la République du Burundi ) — сарвари давлати Бурунди ва хукумати ин кишвар аст. Президент бевосита бо роҳи овоздиҳии умумӣ ба мӯҳлати панҷ сол интихоб мешавад.
Охирин интихоботи президентӣ 20 майи соли 2020 баргузор шуда буд, ки дар он Эваристе Ндайишимие бо касби 71,45% овозҳо пирӯз шуд. 8 июни соли 2020 президенти кунунӣ Пйер Нкурунзиза даргузашт, ки дар натиҷа Паскал Нябенда метавонад иҷрокунандаи вазифаи президент шавад. Аммо, дар ниҳоят Суди Конститутсионии Бурунди қарор кард, ки давраи гузариш лозим нест ва президенти интихобшуда бояд ҳарчи зудтар савганд ёд кунад [1] ; аз ин рӯ, 18 июни соли 2020 президенти тозаинтихоб расман ба ҳайси сарвари давлат ба кор даромад [2] .
Таърих
вироишИнститути мақоми президентӣ 28 ноябри соли 1966, вақте таъсис шуд, ки раҳбари низомӣ Мишел Мичомберо ҳангоми табаддулоти низомӣ Бурундиро ҷумҳурӣ эълон кард ва худро аввалин президент таъин кард. Аввалин Конститутсия, ки салоҳият ва вазифаҳои президентро муқаррар кардааст, Конститутсияи соли 1974 буд, ки танҳо дар соли 1976 қабул шудааст. Конститутсия давлати якҳизбиро таъсис дод, ки ба он президент Мичомберо ва ҳизби Иттиҳоди прогресси миллӣ сарварӣ мекунад. Аммо ноустувории сиёсӣ дар кишвар идома дошт. Соли 1987 дар Бурунди табаддулоти низомӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар ҷараёни он Пйер Буйоя қудрати президентиро ба даст гирифт. Дар соли 1992 ӯ Конститутсияи навро ҷорӣ кард, ки дар асоси он интихоботи бисёрҳизбӣ дар кишвар муқаррар шудааст. Бо сабаби ноустувории мунносибати ҷомеа нисбати тағйиротҳои дохилӣ, дар Бурунди соли 1993 ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ки дар соли 1996 ба поён расид, вақте Пйер Буйоя дубора раиси ҷумҳури кишвар шуд ва ба оштӣ миёни ҷонибҳои даргир даст ёфт, пас аз он гузариш ба сохтори демократия оғоз шуд.
Соли 2000 Созишномаи Аруша ба имзо расид, ки дар ниҳоят ба низои байни тарафҳо хотима гузошт. Байни солҳои 2000 ва 2005, Буйоя ва Ндайизейе тибқи конститутсияҳои муваққатии солҳои 2001 ва 2004 кор карданд, то Бурундиро ба демократия роҳнамоӣ кунанд. Дар соли 2005 Конститутсияи доимӣ қабул карда шуд, ки маҳсули ниҳоии гузариш ба демократия дар кишвар гардид. Ҳамзамон интихоботи президентӣ баргузор шуд, ки дар он Пйер Нкурунзиза пирӯз шуд.
Феҳристи президентҳо
вироишПрезидент аз ҷомеаи Тутси бо ранги зард ишора шудааст.
Президент аз ҷомеаи Ҳуту бо ранги сабз ишора шудааст.
№ | Президент | Акс | Муҳлат | Давомнокии ҳукмронӣ | Эзоҳ | |
---|---|---|---|---|---|---|
Начало | Конец | |||||
1 | Мишел Мичомберо
(1940—1983) |
28 ноябри 1966 | 1 ноябри 1976 | 3626 рӯз | Нахустин президент; дар натиҷаи табаддулоти низомӣ сари қудрат омадааст | |
2 | Жан-Батист Багаза
(1946—2016) |
2 ноябри 1976 | 3 сентябри 1987 | 3957 рӯз | Табаддулоти низомӣ ташкил намуда сари қудрат омадааст; дубора соли 1984 интихоб шудааст | |
3 | Пйер Буйоя
(1949—2020) |
9 сентябри 1987 | 10 июли 1993 | 2131 рӯз | Табаддулоти низомӣ ташкил намуда сари қудрат омадааст | |
4 | Мелхиор Ндадайе
(1953—1993) |
10 июли 1993 | 21 октябри 1993 | 107 рӯз | Дар натиҷаи кӯшиши табаддулоти низомӣ, кушта шудааст | |
—
и. в. |
Силви Киниги
(т. 1952) |
21 октябри 1993 | 5 феврали 1994 | 103 рӯз | Нахустин зан дар вазифаи президент | |
5 | Сиприен Нтарямира
(1955—1994) |
5 феврали 1994 | 6 апрели 1994 | 60 рӯз | Дар натиҷаи садамаи ҳавопаймо ҳамроҳи президенти Руанда Хабяриман даргузаштааст | |
6 | Силвестр Нтибатунганя
(р. 1956) |
6 апрели 1994 | 25 июли 1996 | 841 рӯз | 25 июли 1996 дар натиҷаи табаддулоти низомии Пйер Буойя аз вазифа барканор карда шуд. | |
7
(второй срок) |
Пйер Буйоя
(1949—2020) |
25 июли 1996 | 30 апрели 2003 | 2470 рӯз | Табаддулоти низомӣ ташкил намуда президент Силвестр Нтибатунганяро аз вазифа барканор кард ва сари қудрат омад. | |
8 | Домисйен Ндайизейе
(р. 1953) |
30 апрели 2003 | 26 августи 2005 | 849 рӯз | ||
9 | Пйер Нкурунзиза
(1964—2020) |
26 августа 2005 | 8 июня 2020 | 5400 рӯз | Солҳои 2010 ва 2015 аз нав интихоб шудааст | |
10 | Эварист Ндайишимие
(т. 1968) |
18 июни 2020 | Амалкунанда | 1654 рӯз |
Эзоҳ
вироиш- ↑ Burundi's president-elect to take power immediately after death of ex-leader(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). «Рейтер» (12 June 2020). 20 июни 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 июни 2020.
- ↑ Burundi’s Evariste Ndayishimiye is sworn in as president(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). «Би-би-си» (18 June 2020). 18 июни 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 июни 2020.