Президенти Лаҳистон
Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон ( лаҳӣ: Prezydent Rzeczypospolitej Polskiej) намояндаи олии Ҷумҳурии Лаҳистон ва кафили идомаи ҳокимияти давлатӣ мебошад [2].
лаҳӣ: Prezydent Rzeczypospolitej Polskiej[1] | |
---|---|
Ишғоли вазифа Анджей Дуда |
|
Шакли мухотаб | Mr. President[d] |
Иқомати расмӣ | Presidential Palace[d] |
Муҳлати салоҳият | 5 сол |
Пайдошавии вазифа | 11 декабр 1922 |
Сайт | prezydent.pl |
Мақоми ҳуқуқии Президенти Лаҳистон дар фасли V Конститутсияи Ҷумҳурии Лаҳистон аз 2 апрели соли 1997 сабт шудааст.
Феҳристи сарварони давлати Лаҳистон аз соли 1918 пешкаш карда мешавад, аз ҷумла шахсоне, ки вазифаҳоеро ишғол мекарданд, ки аз Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон фарқ мекарданд, аммо сарвари давлат буданд.
Интихобот ва ваколатҳо
вироишПрезиденти ҷумҳуриро мардум ба муҳлати 5 сол тавассути интихоботи умумӣ, баробар, мустақим ва овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мекунад. Интихоботи президентӣ аз ҷониби Маршали Сейм таъйин карда мешавад. Дар муносибат бо шохаҳои ҳукумат президент ҳамчун ҳакам амал мекунад [3]. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва ҳуқуқи вето дорад. Актҳо мебарорад: фармонҳо, фармонҳо, қоидаҳо, ки бояд ба қонунҳо мувофиқ бошанд.[4].
Ҷумҳурии Лаҳистон (1918-1939)
вироишҶумҳурии Лаҳистон, ки бо номи Иттиҳоди дуюми Лаҳистон-Литва ( Rzeczpospolita Polska, II Rzeczpospolita ) — давлати Лаҳистон аст, ки соли 1918 барқарор карда шудааст. Ин ном пайванди пайваста бо Иттиҳоди Лаҳистон-Литва ( ё Реч Посполита -ро,( Rzeczpospolita Polska ) (1569-1795) ки дар натиҷаи тақсимоти он байни Империяи Русия, Шоҳигарии Пруссия ва Империяи Австрия дар охири асри 18 барҳам дода шуда буд, таъкид мекунад.
Таъсиси давлат (1918-1922)
вироишОғози таърихи Иттиҳоди дуюми Лаҳистон-Литва 11 ноябри соли 1918 , вақте ки қӯшунҳои лаҳистонӣ қароргоҳи олмониро дар Варшава беяроқ намуданд ва Йозеф Пилсудский, ки аз асорати олмонӣ баргашта буд, ҳокимяти низомиро қабул кард ва қудратро аз дасти Шурои Реҷенсии Шоҳигарии Лаҳистон гирифт. 14 ноябри соли 1918, Пилсудский инчунин қудрати шаҳрвандиро ба даст гирифт Шӯрои Реҷенсӣ ва Ҳукумати Муваққатии Ҷумҳурии Халқии Лаҳистон ба Пилсудский ваколатҳои сарвари муваққатии давлатро дода буд. (лаҳӣ: Tymczasowy naczelnik państwa). Сейми қонунгузор 20 феврали соли 1919 Пилсудскийро "сардори давлат" таъйин кард. ( лаҳӣ: Naczelnik państwa) [5]
Акс | Ном | Оғози ваколат | Анҷоми ваколат | Ҳизб | Мансаб | |
---|---|---|---|---|---|---|
1 (I-III) |
Йозеф Клеменс Пилсудский (1867-1935) лаҳӣ: Józef Klemens Piłsudski |
14 ноябри 1918 | 29 ноябри 1918 | ҳарбӣ | Сарфармондеҳи олии артиши Лаҳистон | |
29 ноябри 1918 | 20 феврали 1919 | Сардори муваққатии давлат | ||||
20 феврали 1919 | 9 декабри 1922 | Сардори давлат |
Давраи пеш аз ҷанг (1922-1939)
вироиш17 марти соли 1921 Сейм Конститутсияи Ҷумҳурии Лаҳистонро қабул кард, ки сохтори ҷумҳуриявии кишварро муқарар мекард. Парлумони ду палатагӣ — Маҷлиси Миллӣ, иборат аз сейм ва сенат, ҷорӣ гардид, ва дар 5 сол як маротиба ба тариқи интихоботи умумӣ, баробар ва пинҳонӣ, вакилони палатаҳо муайян карда мешуданд.
Дар соли 1926, пас аз табаддулоти давлатӣ, режими авторитарӣ бо сарварии Юзеф Пилсудский таъсис ёфт, ки нуқтаҳои асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Лаҳистонро бекор кард.
16 январи соли 1935 Сейм Коститутусияи навро қабул кард, ки яккаҳукумронии президентро ҷорӣ менамуд.
Пас аз ҳамлаи Олмони фашистӣ ба Лаҳистон 1 сентябри соли 1939, ҳукумати Лаҳистон таҳти роҳбарии президент Игнаси Моститский кишварро тарк карда, шаби 17 сентябри соли 1939 ба Руминия фирор кард. Худи ҳамон рӯз ИҶШС нерӯҳои худро ба "хати Керзон" ба ҷониби вилоятҳои шарқии Лаҳистон фиристод ва қисми шарқии Лаҳистонро ишғол кард.
Акс | Ном | Оғози ваколат | Охири ваколат | Ҳизб | Интихобот | |
---|---|---|---|---|---|---|
2 | Габриэл Нарутович (1865-1922) Габриэль Нарутович |
9 декабри 1922 | 16 декабри 1922 [6] | мустақил [7] | 9 декабри 1922 | |
и.в.[5] | Макиеҷ Ратаҷ (1884-1940) лаҳӣ: Maciej Rataj |
16 декабри 1922 | 20 декабри 1922 | Ҳизби Халқии Лаҳистон [8] | ||
3 | Станислав Войтсеховский (1869-1953) лаҳӣ: Stanisław Wojciechowski |
20 декабри 1922 | 14 майи 1926 [9] | 20 декабри соли 1922 | ||
и.в.[5] | Макиеҷ Ратаҷ (1884-1940) лаҳӣ: Maciej Rataj |
14 майи 1926 | 4 июни 1926 | |||
4 | Игнаси Маскитский (1867-1946) лаҳӣ: Ignacy Mościcki |
4 июни 1926 | 30 сентябри 1939 | мустақил [10] | июнь 1926 1933 |
Ҳукумати Лаҳистон дар мусофират (1939-1990)
вироишҲукумати Лаҳистон дар мусофират ( лаҳӣ: Rząd RP na uchodźstwie ) - ҳукумати Ҷумҳурии Лаҳистон, ки пас аз фирор аз кишвар дар моҳи сентябри 1939 аз ҷониби роҳбарияти олии он дар давраи таҷовузи Олмони фашистӣ амал кардааст. Дар давраи ҷанг ва дар солҳои аввали баъди ҷанг, он ба давлати пинҳокори Лаҳистон, созмондиҳии қувваҳои мусаллаҳи Лаҳистон дар Ғарб ва қувваҳои пинҳонкори кишвар дар худи Лаҳистон роҳбарӣ мекард. Ҳукумати дар мусофират буда аввал дар, Порис (аз 30 сентябри соли 1939) Анже (аз моҳи ноябри соли 1939) ва Лондон (аз моҳи ноябри соли 1940) фаъолият менамуд.
Феҳристи президентҳо дар муҳоҷират
вироишПрезидент Игнаси Моститский 17 сентябри 1939 ба Руминия фирор кард. 25 сентябри соли 1939 раёсати ҷумҳуриро ба генерал Болеслав Виеняве-Длугошевский супурд, ки мақомоти Фаронса бо он розӣ набуданд ва тақозои интиқоли раёсат ба Владислав Рачкевичро доштанд; Моститский ин шартро 30 сентября 1939 қабул намуд ва Владислав Рачкевич аввалин президент дар муҳоҷират шуд. Владислав Рачкевич ва ҳам ҳамаи шахсоне, ки дар ин мансаб кор мекарданд, сиёсатмадорони мустақил буданд.
Акс | Ном | Оғози ваколат | Анҷоми ваколат | |
---|---|---|---|---|
А. | Владислав Рачкевич (1885-1947) лаҳӣ: Władysław Raczkiewicz |
30 сентябри 1939 | 6 июни 1947 [11] | |
мансаби холӣ аз 6 июни 1947 то 9 июни 1947 | ||||
Б. | Август Залеский (1883-1972) лаҳӣ: August Zaleski |
9 июни 1947 | 7 апрели 1972 [11] | |
мансаби холӣ аз 7 апреля 1972 то 9 апреля 1972 | ||||
В. | Станислав Островский (1892-1982) лаҳӣ: Stanisław Ostrowski |
9 апрели 1972 | 8 апрели 1979 [12] | |
Г. | Эдвард Бернард Рачинский (1891-1993) лаҳӣ: Edward Bernard Raczyński |
8 апрели 1979 | 8 апрели 1986 [13] | |
Д. | Казимиер Александр Саббат (1913-1989) лаҳӣ: Kazimierz Aleksander Sabbat |
8 апрели 1986 | 19 июли 1989 [11] | |
Е | Ришард Качоровский (1919-2010) лаҳӣ: Ryszard Kaczorowski |
19 июли 1989 | 22 декабри 1990 [14] |
Давраи баъдиҷангӣ (1944-1952)
вироиш1 январи соли 1944 баракси Ҳукумати Лаҳистон дар муҳоҷират созмони "Крайова Рада Народова" (лаҳӣ: Krajowa Rada Narodowa, «Шӯрои миллии давлатӣ»), созмони сиёсӣ, 5 июли соли 1945 ба парлумон мубадал гардонида шуд, ки то 4 феврали соли 1947 фаъолият кардааст. Раиси он бо ҳуқуқи сардори давлати лаҳистонӣ Болеслав Берут (намояндаи Ҳизби коргарии Лаҳистон) интихоб шуда буд. Пас аз мубаддалгардонии "Крайова Рада Народова" ба парлумони кишвар раиси Рада мақоми (мансаби) «президент»-ро бекор кардааст (лаҳӣ: Prezydent Krajowej Rady Narodowej).
5 феврали соли 1947, пас аз интихобот ба парлумон, Сейм (1947-1952) дар ҷаласаи аввалинаш Болеслав Берутро ба мансаби Президента Ҷумҳурии Лаҳистон барқарор кард. 20 ноябри соли 1952, пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Халқии Лаҳистон аз 22 июли соли 1952 — Шӯрои давлатӣ, мансаби президентро бартараф кард, Болеслав Берут бошад Сарвазири Ҷумҳурии Лаҳистон таъйин шуд.
Акс | Ном | Оғози ваколат | Анҷоми ваколат | Ҳизб | Интихобот | Тез | |
---|---|---|---|---|---|---|---|
5 </br> (I-III) |
Болеслав Берут (1892-1956) лаҳӣ: Bolesław Bierut |
1 январи 1944 | 5 июли 1945 | Ҳизби коргарии Лаҳистон | Раиси Крайова Рада Народова (лаҳӣ: Krajowa Rada Narodowa) | ||
5 июли 1945 | 4 феврали 1947 | Президенти Крайова Рада Народова (лаҳӣ: Krajowa Rada Narodowa) | |||||
4 феврали 1947 | 20 ноябри 1952 | Ҳизби коргарии Лаҳистон (номзади ягонаи блоки демократӣ ) |
1947 | Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон | |||
Ҳизби муттаҳидаи коргарии Лаҳистон |
Ҷумҳурии Халқии Лаҳистон (1952-1989)
вироишҶумҳурии Халқии Лаҳистон ( лаҳӣ: Polska Rzeczpospolita Ludowa ) — номи расмии Лаҳистон аз соли 1952 то соли 1989. Конститутсияи Ҷумҳурии Халқии Лаҳистон 22 июля 1952 қабул шуд. Дар соли 1976 ба он тағироти назаррас ворид карда шуд. Мақоми қонунгузор Сейми якпалатагӣ буд, ки ба муддати 4 сол интихоб карда мешуд, сардори дастаҷамъии давлат то соли 1989 Шӯрои Давлатӣ буд, ки аз ҷониби Сейм ба муддати 4 сол интихоб карда мешуд, аз соли 1989 - президент, мақомоти иҷроия - Шӯрои Вазирон ки аз тарафи Сейм таъйин кард мешуд.
Дар асл, давлат як ҳизбӣ буд, ки дар он Ҳизби муттаҳидаи коргарии Лаҳистон ҳукмфармо буд. Ҳизбҳои хурд (асосан Ҳизби демократӣ ва Ҳизби муттаҳидаи деҳқонон), инчунин иттифоқҳои касаба, ҷавонон ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ ба як созмони ҷамъиятиву сиёсӣ муттаҳид шуданд (ки он ҳамчун як блоки интихоботӣ низ амал мекард) — аз соли 1952 Фронти Миллӣ ( лаҳӣ: Front Narodowy, аз соли 1956 - Фронти ягонагии халқӣ ( лаҳӣ: Front Jedności Narodu) низ фаъолият мекарданд.
29 декабри соли 1989 баъд аз даровардани тағйирот ба Конститутсияи ҶХЛ, ба кишвар номи таърихии он «Rzeczpospolita Polska» (Ҷумҳурии Лаҳистон) баргардонида шудааст.
Акс | Ном | Оғози ваколат | Анҷоми ваколат | Ҳизб | ||
---|---|---|---|---|---|---|
Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Лаҳистон | ||||||
6 | Александр Завадский (1899-1964) лаҳӣ: Aleksander ZawadzkiАлександр Завадский |
20 ноябри 1952 | 7 августи 1964 [15] | Ҳизби муттахидаи коргарии Лаҳистон | ||
и.о. [16] | Оскар Ришард Ланге (1904-1965) лаҳӣ: Oskar Ryszard Lange |
7 августи 1964 | 12 августи 1964 | |||
и.в. [16] | Болеслав Подедворный (1898-1972) лаҳӣ: Bolesław Podedworny |
Ҳизби муттаҳидаи деҳқонон | ||||
и.в. [16] | Станислав Кулчинский (1895-1975) лаҳӣ: Stanisław Kulczyński |
Ҳизби демократӣ | ||||
и.в. [16] | Эдвард Мечислав Очаб (1906-1989) лаҳӣ: Edward Mieczysław Ochab |
Ҳизби муттахидаи коргарии Лаҳистон | ||||
7 | 12 августи 1964 | 8 апрели 1968 | ||||
8 | Маршали Лаҳистон Мариан Спихалский (1906-1980) лаҳӣ: Marian Spychalski |
8 апрели 1968 | 23 декабри 1970 | |||
9 | Юзеф Адам Зигмунт Тсиранкевич (1911-1989) лаҳӣ: Józef Adam Zygmund Cyrankiewicz |
23 декабри 1970 | 28 марти 1972 | |||
10 | Ҳенрик Ян Яблонский (1909-2003) лаҳӣ: Henryk Jan Jabłoński |
28 марти 1972 | 6 ноябри 1985 | |||
ёздаҳ </br> 11 |
генерали артиш Войтсех Витолд Ярузелский (1923-2014) лаҳӣ: Wojciech Witold Jaruzelski |
6 ноябри 1985 | 19 июли 1989 | |||
Президенти Ҷумҳурии Халкии Лаҳистон | ||||||
ёздаҳ </br>11 (II) |
генерали артиш Войтсех Витолд Ярузелский (1923-2014) лаҳӣ: Wojciech Witold Jaruzelski |
19 июли 1989 |
29 декабри 1989 [17] | Ҳизби муттахидаи коргарии Лаҳистон |
Ҷумҳурии Лаҳистон (аз с. 1989)
вироишҶумҳурии Лаҳистон, ки бо номи Речпосполитаи сеюм ( лаҳӣ: Rzeczpospolita Polska, III Rzeczpospolita) - номи Лаҳистон, 29 декабри соли 1989 бо тағир додани Конститутсияи Ҷумҳурии Халқии Лаҳистон ба он баргашт.
Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон ( лаҳӣ: Prezydent Rzeczypospolitej Polskiej ).
Акс | Ном | Оғози ваколат | Анҷоми ваколат | Ҳизб | Интихобот | |
---|---|---|---|---|---|---|
(11) 11 (II) |
генерали артиш Войтсех Витолд Ярузелский (1923-2014) лаҳӣ: Wojciech Witold Jaruzelski |
29 декабри 1989 | 22 декабри 1990 | Ҳизби муттахидаи коргарии Лаҳистон | ||
12 | Лех Валенса (1943—) лаҳӣ: Lech WałęsaLech Wałęsa |
22 декабри 1990 | 22 декабри 1995 | Иттифоқи касабаи «Якдилӣ» |
1990 | |
13
(I—II) |
Александер Квасневский (1954—) лаҳӣ: Aleksander KwaśniewskiAleksander Kwaśniewski |
22 декабри 1995 | 22 декабри 2000 | Иттифоқи қувваҳои демократҳри чап | 1995 | |
22 декабри 2000 | 22 декабри 2005 | 2000 | ||||
14 | Лех Александер Качинский (1949—2010) лаҳӣ: Lech Aleksander KaczyńskiLech Aleksander Kaczyński |
22 декабри 2005 | 22 декабри 2010 | Ҳуқуқ ва Адолат | 2005 | |
и.о. | Бронислав Мария Коморовский (1952—) лаҳӣ: Bronisław Maria KomorowskiBronisław Maria Komorowski |
10 апрели 2010 | 8 июни 2010 | Созмони шаҳрвандӣ | ||
и.о. | Богдан Михал Борусевич (1949—) лаҳӣ: Bogdan Michał BorusewiczBogdan Michał Borusewicz |
8 июни 2010 | 8 июни 2010 | мустақил (поддержан Гражданской платформой) | ||
и.в. | Гжегож Юлиуш Схетина (1963—) лаҳӣ: Grzegorz Juliusz SchetynaGrzegorz Juliusz Schetyna |
8 июни 2010 | 8 июли 2010 | Созмони шаҳрвандӣ | ||
15 | Бронислав Мария Коморовский (1952—) лаҳӣ: Bronisław Maria KomorowskiBronisław Maria Komorowski |
8 июли 2010 | 8 июли 2015 | 2010 | ||
16
(I—II) |
Акс:Andrzej Duda, Візит Зеленського до інституцій ЄС і НАТО ӯ Брюсселі, 2019, 34.jpg | Анджей Себастян Дуда (1972—) лаҳӣ: Andrzej Sebastian DudaAndrzej Sebastian Duda |
8 июли 2015 | 8 июли 2020 | Ҳуқуқ ва Адолат | 2015 |
8 июли 2020 | амалкунанда | 2020 |
Нигаред низ
вироиш- Президенти Ҷумҳурии Халкии Лаҳистон
- Феҳристи роҳбарони ҳукуматҳои Лаҳистон
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 http://orka.sejm.gov.pl/WydBAS.nsf/0/17C98969A5C511EDC125767F003357C3/$file/S%C5%81OWNIK%20PROCEDUR%20PARLAMENTARNYCH.pdf
- ↑ Официальный текст действующей конституции РП на русском языке
- ↑ Страшун, 2008.
- ↑ Страшун, 2008.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 Исполняющий обязанности президента как Маршал сейма
- ↑ Застрелен при исполнении должности.
- ↑ Поддержан Польской народной партией «Освобождение»
- ↑ Партия носила имя Пяста — легендарного основателя первой польской династии Пястов.
- ↑ Отстранён от власти в ходе майского переворота маршалом Польши Юзефом Пилсудским.
- ↑ Поддержан сторонниками санационного режима.
- ↑ 11.0 11.1 11.2 Скончался на посту президента в изгнании.
- ↑ После окончания 7-летнего срока президентских полномочий передал их своему преемнику Эдварду Рачинскому.
- ↑ После окончания 7-летнего срока президентских полномочий передал их своему преемнику Казимежу Саббату.
- ↑ Сложил с себя полномочия, передав президентские инсигнии избранному президенту Польши Леху Валенсе.
- ↑ Скончался на посту председателя Государственного совета ПНР.
- ↑ 16.0 16.1 16.2 16.3 Исполняющий обязанности председателя Государственного совета ПНР как один из четырёх заместителей председателя.
- ↑ Внесение в конституцию ПНР изменений, которыми стране было возвращено историческое название «Rzeczpospolita Polska» (Польская республика).
Адабиёт
вироиш- Конституционное (государственное) право зарубежных стран. Особенная часть: учебник / отв. ред. Б. А. Страшун. — 3-е изд., пересмотр. и доп. — М.: Норма, 2008. — 1136 с. — ISBN 979-5-468-00214-8.