Президенти Ҷумҳурии Кипр

Президенти Ҷумҳурии Кипр (юн. Πρόεδρος της Κυπριακής Δημοκρατίας) — сарвари давлат ва сардори ҳукумати Ҷумҳурии Кипр аст.

Президенти Ҷумҳурии Кипр

Ишғоли вазифа
Nicos Christodoulides[d]
Иқомати расмӣ Presidential Palace, Nicosia[d]
Пайдошавии вазифа 16 август 1960
Сайт presidency.gov.cy

Бо овоздиҳии умумӣ ба муҳлати панҷ сол интихоб карда мешавад. Интихобот дар ду давра гузаронида мешавад, агар дар даври аввал ҳеч кадоме аз номзадҳо бештар аз нисфи овозҳоро нагирад, ду номзади дорои шумораи бештари овозҳо ба даври дуввум мергузаранд. Шумораи муҳлати ваколати президентӣ, ки як шахс метавонад пай дар пай қабул кунад, маҳдуд нест. Ин вазифа дар соли 1960 пас аз истиқлоли Кипр аз Бритониёи Кабир ҷорӣ шудааст. Президенти кунунӣ Никос Анастасиадес мебошад. Ҷумҳурии туркии қисман эътирофшудаи Кипри Шимолӣ аз соли 1983 раёсати худро таъсис додааст.

Феҳристи президентҳои Кипр

вироиш
Рақам Акс Ном Оғози ваколат Анҷоми ваколат Ҳизби сиёсӣ
1   Архиепископ Макариос III (барканор карда шуд) 16 августи соли 1960 15 июли соли 1974 ғайриҳизб
-   Никос Сампсон (бо роҳи табаддулот ба қудрат расид) 15 июли соли 1974 23 июли соли 1974 ЭOKA-Б.
-   Глафкос Клеридес (иҷрокунандаи вазифаи раиси Палатаи вакилони Кипр ) 23 июли 1974 7 декабри соли 1974 Ҳизби муттаҳидаи демократӣ
1   Архиепископ Макариос III 7 декабри соли 1974 3 августи соли 1977 ғайриҳизб
2   Спирос Киприану 3 сентябри соли 1977 28 феврали соли 1988 Ҳизби демократӣ
3   Георгиос Василиоу 28 феврали соли 1988 28 феврали 1993 Демократҳои муттаҳид
4   Глафкос Клиридис 28 феврали 1993 28 феврали 2003 Ваҳдати демократӣ
5   Тассос Пападопулос 28 феврали 2003 28 феврали 2008 Ҳизби демократӣ
6   Димитрис Кристофиас 28 феврали 2008 28 феврали 2013 Ҳизби прогрессивии коркашони Кипр
7   Никос Анастасиадес 28 феврали 2013 28 феврали 2023 Ваҳдати демократӣ
8   Никос Кристодулидис 28 феврали 2023 амалкунанда Ваҳдати демократӣ