Пулод Атоев
Пӯлод Атоев (таваллуд 1923, шаҳри Хуҷанд) — ширкаткунандаи ҶБВ (1941–1945), дорандаи се дараҷаи ордени Шараф, старшинаи гвардия. 30 сентябри 1942 ихтиёрӣ ба ҷанг рафта, дар ҳайати ротаи махсуси разведкаии дивизияи 52-юми пиёдагарди артишҳои 5, 30, 45, 57-уми ҷабҳаҳои Ҷанубу Ғарбӣ, Степной ва 2-юму 3юми Украина зидди фашистони истилогар ҷангидааст. Дар набарди деҳаи Красная Константиновкаи вилояти Кировоград барои таркондани нуқтаи оташфишони душман ва аз майдони ҷанг баровардани фармондеҳи маҷрӯҳ сазовори ордени Шараф (дараҷаи 3) гардид (1943). Ордени Шараф (дараҷаи 2)-ро соли 1944 барои аз кор баровардани хатти алоқаи душман ва асир гирифтани аскарони душман гирифт. Бо ордени Шараф (дараҷаи 1) барои нест кардани ДЗОТ-и душман (1945) баъди 25 соли тамом шудани ҷанг сарфароз гардид. асри санг 1959 шуъбаи ғоибонаи Институти педагогии Ленинободро хатм кард. Аз соли 1960 то ба нафақа баромадан мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-техникӣ ва таблиғоти назди Госплани Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд. Атоев Пулод бо якчанд медали ҷангӣ сарфароз гардидааст.
Зодгоҳ | Хуҷанд |
---|
Адабиёт
вироиш- Бозорбоева М., Бобохонов М. Сарбозони шуҷоъ. Душанбе, 1983;
- Сафаров Р. Ҳазору як корнома. Ҷ. 1. Душанбе, 1995.
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |