Равмед – деҳаест дар ҷамоати Бартанги ноҳияи Рушони ВМКБ. Аз деҳа то маркази ҷамоат 39 км. то ноҳия 74 км, роҳ шағалпӯш. Аҳолиаш 241 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби 8 сола, маҳфил, китобхона, бунгоҳи тиббӣ, мағоза, фермаҳои гову гӯсфанд ва бузпарварӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ - - ғаллакорӣ (гандум, ҷав) ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёчаи Равмед обёрӣ мешаванд[1].

Сарчашма

вироиш


  1. Равмед, Энциклопедияи советии тоҷик, ҷилди 6, саҳ. 156, Душанбе