Раисҷумҳури Эрон
Раисҷумҳури Эрон (форсӣ: رئیسجمهور ایران) — вазифаи давлатӣ дар Эрон аст, ки пас аз ба ҷумҳурӣ табдил ёфтани Эрон пас аз сарнагунии салтанати подшоҳӣ, соли 1979 дар ин кишвар ҷорӣ шудааст. Баръакси аксари кишварҳо, президент дар ин ҷо сарвари давлат нест. Сардори давлати Эрон Пешвои муаззами Эрон аст, ки якумра ба ин вазифа интихоб шудааст. Президенти Эрон вазифаҳои классикии намояндагиро (масалан, гирифтани эътимодномаи сафирон), инчунин вазифаҳои сарвазирро (пас аз бекор кардани ин мансаб) иҷро мекунад. Президенти Эрон барои 4 сол интихоб мешавад ва наметавонад дар тӯли зиёда аз ду муҳлат соҳиби мансаби президент дошта бошад.
Иқомати расмӣ | Sa'dabad Palace[d] |
---|---|
Пайдошавии вазифа | 4 феврал 1980 |
Сайт |
president.ir(форсӣ) president.ir/ar(ар.) president.ir/en(англ.) |
Феҳристи раисиҷумҳурҳои Эрон
вироиш№ | Раисҷумҳур | Таърихи оғози масъулият | Таърихи анҷоми масъулият | |
---|---|---|---|---|
1 | Сайид Абулҳасан Банисадр | 25 январи 1980 | 21 июни 1981 аз вазифа сабукдӯш шуд | |
2 | Муҳаммад Алӣ Раҷоӣӣ | 2 августи 1981 | 30 августи 1981 кушта шуд | |
3 | Сайид Алӣ Хоманаӣ | 2 октябри 1981 | 2 августи 1989 | |
4 | Ҳошимии Рафсанҷонӣ | 3 августи 1989 | 2 августи 1997 | |
5 | Муҳаммад Ҳотамӣ | 3 августи 1997 | 2 августи 2005 | |
6 | Маҳмуд Аҳмадинижод | 3 августи 2005 | 3 августи 2013 | |
7 | Ҳасан Рӯҳонӣ | 3 августи 2013 | 3 августи 2021 | |
8 | Иброҳим Раисӣ | 3 августи 2021 | То кунун |
{{}}