Рамзи мушаххаси субъекти худидоракунӣ

Рамзи мушаххаси субъекти худидоракунӣ (олмонӣ: Amtlicher Gemeindeschlüssel) — пайдарпаии ададист, ки барои муайян кардани мушаххасоти худидоракунии баъзе кишварҳо (Олмон, Австрия, Швейтсария) истифода мешавад.

Инчунин системаҳои дигаре ҳастанд, ки барои муайян кардани минтақаҳо истифода мешаванд (индекси почта, NUTS).

Олмон

вироиш

Дар Олмон рамзҳои мушаххаскунӣ асосан барои мақсадҳои оморӣ истифода мешаванд ва аз ҷониби идораҳои омори заминӣ дода мешаванд.

Рамзи мушаххас дар Олмон аз 8 рақам иборат аст. Ду рақами аввал заминро нишон медиҳад, сеюм — ноҳияи маъмурӣ. Дар он заминҳое, ки ноҳияҳои маъмурӣ нестанд, рақами сеюм 0 аст (ба истиснои заминҳои Райнланд-Пфалс, Саксония-Анҳалт ва Саксонияи Поёнӣ, ки ин равияро ба наздикӣ барҳам дода буданд). Рақамҳои чорум ва панҷум ҳавза (шаҳристон) ё шаҳри тобеи замин, шашум, ҳафтум ва ҳаштумро нишон медиҳанд — субъекти воқеии ҳокимияти маҳаллиро нишон медиҳанд.

Намунаҳо

вироиш

08 1 11 000 — Штуттгарт

  • 08 — замини Баден-Вӯрттемберг
  • 1 — ҳавзаи маъмурии Штуттгарт
  • 11 — шаҳри тобеи заминии Штуттгарт
  • 000  — (ҳамчун шаҳри тобеи давлатӣ, Штуттгарт тақсимоти минбаъда надорад)

05 1 58 004 - Эркрат

  • 05 — замини Райн-Вестфалияи Шимолӣ
  • 1 — ҳавзаи маъмурии Дюсселдорф
  • 58 — ҳавзаи Меттман
  • 004 — шаҳри Эркат

Заминҳои федералӣ

вироиш

Заминҳои федералӣ аз шимол ба ҷануб (1-9), бо тартиби хронологии ҳамроҳшавӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Германия (10) ва бо тартиби алифбо (11-16) рақамгузорӣ карда мешаванд.

Пайвандҳо

вироиш

Австрия

вироиш

Сохтор

вироиш

Рамзи мушаххас дар Австрия аз 5 рақам иборат аст. Рақами аввал замини федералиро нишон медиҳад (бо тартиби алифбо), дуюм ва сеюм – ҳавза (шаҳристон), чорум ва панҷум — субъекти воқеии ҳокимияти маҳаллиро.

Намунаҳо

вироиш

3 25 21 — Раппоттенштайн

9 07 01 — Вена, 7. Нойбау

Заминҳои федералӣ

вироиш

Пайвандҳо

вироиш

Швейтсария

вироиш

Сохтор

вироиш

Рамзҳои мушаххас дар Швейтсария, ки аз ҷониби Идораи омори Швейтсария бароварда мешаванд, аз як то чор рақам мебошанд ва мувофиқи тартиби расмии кантонҳо, ҳавзаҳо ва ҷамоатҳо пай дар пай таъйин карда мешаванд.

Ҳамчунин нигаред

вироиш