Рамз — сухани пӯшидамаъно, имо, ишора.

Рамзҳои ҳуқуқӣ — тасвирҳои шартӣ, ки дар қонунгузорӣ барои ифодаи аломату паҳлӯҳои муҳимтарини ҳодисаҳои ҳуқуқиву давлатӣ, амалиётҳои ҳуқуқӣ ва эҳтирому муносибат нисбати ҳуқуқ, давлат ва ҷомеа, арзишҳои аввалиндараҷаи онҳо истифода мешаванд. Рамзҳои ҳуқуқӣ як намуди ишораҳои сунъӣ буда, ҷавобгӯи як қатор талаботҳоянд. Онҳо бояд оммафаҳм бошанд, ба ҳиссиёту эҳсосоти одамон мусбӣ таъсир бахшида, дар шуури онҳо арзишҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, маданӣ, эстетикӣ, муносибати эҳтиромонаро ба ҳуқуқу давлат, суннатҳои миллӣ, шаклҳои мухталифи фаъолияти давлатӣ ба вуҷуд биёранд. Рамзҳои ҳуқуқӣ гуногунанд, аз қабили рамзҳои давлат (Нишон, Парчам, Суруди Миллии давлат), рамзи эҳтироми адолати судӣ (аз ҷо хестани ҳозирбудагон ҳангоми воридшавии ҳайати суд), рамзи хидмат ба халқ (савганди Президенти давлат), рамзи хидмат ба ҳуқуқ ва қонуният (савганди кормандони прокуратура) ва ғ.[1]

Нигаред низ

вироиш

Рамзҳои давлатӣ

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 393