Рафаэл Борисович Некталов — ходими ҷамъиятии шӯравӣ, ӯзбекистонӣ ва амрикоӣ, мусиқашинос, публисист ва рӯзноманигор. Раиси Иттифоқи нависандагони яҳудиёни бухорӣ. Сардабири рӯзномаи The Bukharian Times, ки дар Ню-Йорк нашр мешавад. Яке аз намояндагони машҳури яҳудиёни бухорӣ. Рафаэл Некталов соли 1956 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи яҳудиёни бухорӣ ба дунё омадааст. Соли 1980 Консерваторияи Тошкандро хатм намуд. Дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд дарс додааст. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, соли 1993 Рафаэл Некталов барои иқомати доимӣ ба ИМА кӯч баст. Ҳоло дар ҳамон ҷо зиндагӣ мекунад. Дар рӯзномаҳои «Мост», «Восход», «Beth Arachon» ҳамчун сардабир ифои вазифа намудааст. Аз соли 2002 сардабири яке аз рӯзномаҳои пурнуфузи ҷамъияти яҳудиёни бухорӣ The Bukharian Times мебошад.

Муаллифи китобҳои «Гавриэл Муллоқандов» (1993), ки ба сароянда ва мутриби номӣ Муллоқандов Гавриэл бахшида шудааст, «Авнер Муллоқандов» (2004) ва «Барои сурудан ба дунё омада» (2006).

Сарчашма

вироиш