Рафоатхон Самадова
Рафоатхон Ахунбабаевна Самадова (тав. 25.08.1938 ) шаҳри Хуҷанд , вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, доктори илмҳои педагогӣ, Аз соли 2001 профессори кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
Рафоатхон Ахунбабаевна Самадова | |
Таърихи таваллуд | 25 август 1938 (86 сол) |
Зодгоҳ | Хуҷанд , вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | ДДОЛ ба номи С.М.Киров |
Зиндагинома
вироишСоли 1963 Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Ихтисос омӯзгори забон ва адабиёти рус.
Солҳои 1965 – 1967 — Омӯзгори кафедраи методикаи таълими забони русӣ ДДОЛ ба номи С.М.Киров
Солҳои1967- 1971 — Омӯзгори кафедраи забони русӣ дар гурӯҳҳои тоҷикӣ ва узбекӣ ДДОЛ ба номи С.М.Киров
Соли 1971 — Омӯзгори калони кафедраи забони русӣ ДДОЛ ба номи С.М.Киров
Аз сентябри соли 1971 - 1975 — аспиранти ДДТ ба номи В.И. Ленин Солҳои 1975-1976 — Омӯзгори кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ ДДОЛ ба номи С.М.Киров
Солҳои 1976 - 1980 — Сармуаллими кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ ДДОЛ ба номи С.М.Киров
Солҳои 1980 - 1985 — Дотсент, мудири кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ ДДОЛ ба номи С.М.Киров
Солҳои 1985 -1993 — Мудири кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Соли 1993 — Корманди калони илмӣ дар назди ДИТ забон ва адабиёти АИ ҶТ
Солҳои1993 -1994 — Дотсенти кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Соли 1994 — сармутахассиси калони илмӣ дар назди ДИТ забон ва адабиёти АИ ҶТ
Аз соли 2001 то ҳол — Профессори кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ Самадова Рафоатхон Ахунбабаевна(тоҷ.). www.hgu.tj. 22 Январ 2024 санҷида шуд.